Эмомалӣ Раҳмон: «Суди конститутсонӣ зарурати мавҷудияти худро дар 20 сол баръало собит намуд»

Сентябрь 17, 2015 06:13

Душанбе, 17.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар  Конфронси байналмилалӣ  бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ  кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.
Конфронси байналмилалиро раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, сухани табрикиро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дод.
Президенти кишвар, пеш аз ҳама, меҳмонони хориҷиро хайра мақдам гуфта, ба кормандону собиқадорони мақомоти судӣ ва хусусан Суди конститутсионии  Тоҷикистон солгарди 20-ум аз ин санаи таърихиро шодбош гуфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи беш аз панҷҳазорсолаи тоҷикон ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки бо вуҷуди ин, истиқ¬лоли давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри ХХ муяссар шуд ва бо ин дар сарнавишти миллати мо таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ ва гардиши куллӣ оғоз ёфт.
Бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои бешумор ва шароити сангини солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон таъкид гарданд, ки эълон кардани истиқлолият барои ҳар халқу миллат ин танҳо оғози кор аст. 
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи ин солҳо роҳбарият ва мардуми шарафманди мо мушкилоти сангину нангини бешморро пушти сар карда, Тоҷикистони тозамустақилро аз вартаи фано раҳо бахшиданд ва ба шоҳроҳи бунёдкорию созандагӣ ва эъмори ҷомеаи мутамаддини муосир раҳнамун сохтанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ ва басо муҳими Конститутсия ва Суди конститутсиониро дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягонаи Тоҷикистон таъкид намуд.
Тазаккур дода шуд, ки Суди конститутсионии Тоҷикистон дар тӯли 20 сол зарурати мавҷудият ва фаъолияти худро дар сохтори даввлатдории мо баръало собит намуд, ҳарчанд дар аввалҳо зарурати таъсиси чунин ниҳод зери шубҳа бурда мешуд.  
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи босамари ду барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010 ва барои солҳои 2011-2013 изҳори қаноат карда, ҳамзамон арзи бовар намуд, ки бо татбиқи барномаи нави ислоҳоти ин соҳа барои солҳои 2015-2017 амалӣ гардидани вазифаҳои дар назди ҳокимияти судӣ қарордошта боз ҳам беҳтар мегардад, ҳокимияти судӣ аз пештара дида мустақилу нерӯманд ва сатҳи касбии он баландтар хоҳад шуд, бо ҳуқуқшиносони баландихтисосу салоҳиятнок ва кордида таъмин мешавад ва барои такмили бештар бахшидан ба фаъолияти касбии кормандони ҳокимияти судӣ чораҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд. 
Дар поёни сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар  судяҳо ва кормандони Суди конститутсионӣ, инчунин кулли кормандони мақомоти ҳокимияти судии мамлакатро ба ифтихори ҷашни 20 — солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон оид ба ҳифзи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷомеа ва давлат қарордошта барору комёбӣ таманно кард. Ҳамчунин ба кори конфронси байналмилалӣ муваффақият ва ба меҳмонони сарзамини тоҷикон будубоши гуворо орзу намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчунин ноиби президенти Комиссияи Аврупо “Барои демократия тавассути ҳуқуқ”-и Шӯрои Аврупо (Комиссияи венетсианӣ), раиси Конфренсияи мақомоти назорати конститутсионии мамлакатҳои демократияи нав, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон Гагик Арутюнян, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Индонезия Анвар Усмон, судяи Суди конститутсионии Федератсияи Русия Николай Бондар, раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳмон Озода Эмомалӣ сухан ронданд.  
Дар кори конфронс ҳамчунин раисон ва судяҳои судҳои конститутсионӣ аз Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Русия, Руминия, Туркия ва Узбекистон ва ҳамчунин роҳбарият ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Парлумони кишвар, роҳбарон ва судяҳои мақомоти марказии судӣ, роҳбарияти вазорату идораҳои дахдор ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Дар рафти конфронс, ки ду руз идома хоҳад дошт, масъалаҳои муҳими вобаста ба Конститутсия ва конститутсионализм, фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, иҷрои санадҳои судҳои конститутсионӣ, назорати конститутсионӣ ҳамчун воситаи таъмини волоияти Конститутсия, мавқеи Суди конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти судӣ, таъмини кафолатҳои ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбут ба мурофиаи судии конститутсионӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаи мутахассисону олимони ватанию хориҷӣ қарор дода мешавад. 

 

Сентябрь 17, 2015 06:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Ховалинг дар зиёда аз 600 гектар кишти картошка гузаронида мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд