Фаъолияти ҲНИТ бо фарҳанги ҷомеаи мо созгор нест
Душанбе, 29.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро пеш овардааст, ки яке аз онҳо мушкили фарҳангӣ мебошад. Аз сабаби он, ки Тоҷикистон кишвари мусулмоннишин буда, аксарияти аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, фаъолияти ҳизби алоҳидае бо номи «исломӣ» чӣ дар сатҳи дохилӣ ва чӣ дар сатҳи хориҷӣ нисбат ба ҷомеаи мо тасаввури нодурустро ба вуҷуд меорад. Яъне чунин тасаввур мешавад, ки гўё дар Тоҷикистон фақат аъзои ҳизби «исломӣ» пайравони ислом буда, сокинони дигари кишвар пайравони ислом набошанд. Аммо воқеият ин аст, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳисоби мусулмонон ташкил шуда, азъои ҳизбҳои дигар низ мусулмонон мебошанд. Бинобар ин, дар чунин шароит фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ ҳолати ғайритабиӣ гирифта, муҳити воқеии ҷомеаро таҳриф мекунад.
Ин мушкил фақат масъалаи назариявӣ набуда, дар раванди сиёсӣ низ таъсири ҷиддии худро мегузорад. Аз ҷумла, чанд маъракаи интихоботии гузашта нишон дод, ки таблиғотчиёни ҲНИТ аз ин ҳолати ҳассос истифода намуда, дар муқоиса бо ҳизбҳои дигар маҳз «исломӣ» будани худро ба мардум таъкид менамуданд. Дар баъзе мавридҳо масъала ба таври қатъӣ гузошта мешуд, ки ба ҳизби «исломӣ» овоз надодан ва ё номи исломро хат задан барои мусулмонон гуноҳ аст. Дар ин маврид мубаллиғони ҲНИТ овоз додан ба ҳизби сиёсии исломиро баробари овоз додан ба ислом ва мухолифат бо онро мухолифат бо ислом шарҳ медоданд. Ин аст, ки чунин тафсири масъала интихобкунандагонро дар ҳолати ногувор қарор медиҳад. Ин ҳолатро метавон сўиистифодаи ошкоро аз номи ислом ва ё сўиистифодаи сиёсӣ аз эътиқоди динии мардум донист.
Доштани номи «исломӣ» дар муносибати мусулмонҳои ҷаҳон ва хусусан, доираҳои динӣ ва сиёсии хориҷӣ ба ин ҳизб низ таъсири худро дорад. Зеро дар хориҷи кишвар низ гоҳо чунин тасаввур мешавад, ки ҲНИТ ҳизби махсуси мусулмонони Тоҷикистон буда, дар сафҳои он маҳз мусулмонони ин кишвар ҷамъ омадаанд. Аз ин рў, дар бисёр мавридҳо ба ин ҳизб ва ба роҳбарияти он ҳамчун «намояндагони мусулмонони Тоҷикистон» ва «роҳбарони мусулмонони Тоҷикистон» муносибат мешавад. Дар баъзе чорабиниҳои байналхалқӣ роҳбрияти ин ҳизбро ҳамчун роҳбарияти мусулмонони Тоҷикистон даъват намуда, ба вазъияти мусулмонони Тоҷикистон аз дидгоҳи онҳо ошно мешаванд.
Сабаби чунин муносибат ва фаҳмиш дар он аст, ки дар баъзе ҷомеаҳое, ки мусулмонон ақаллият ва ё гурўҳи муайяни аҳолиро ташкил медиҳанд, онҳо барои танзими фаъолиятҳо ва ҳифзи ҳуқуқу арзишҳои худ ҳизбҳои сиёсӣ ва ё ҷамъиятҳои исломӣ ташкил менамоянд. Ин таҷриба хусусан, дар кишварҳои ғарбӣ, ки дар онҳо мусулмонон ақаллиятанд, бисёр маъмул ва табиӣ аст. Дар чунин ҳолат ин ҳизбу созмонҳои исломӣ дар ҳақиқат намояндаи мусулмонон дар баробари гурўҳҳои дигари сиёсӣ ва динӣ мебошанд. Аз ин рў, онҳо аз мусулмонони ҳамон кишвар намояндагӣ карда, дар дохил ва хориҷ ҳамчун намояндагони мусулмонони ҳамон кишвар пазируфта мешаванд.
Аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 99% аҳолиро мусулмонон ташкил медиҳанд, ҳамчун намояндаи мусулмонон муаррифӣ шудани як ҳизби сиёсӣ, ки шояд ҳатто камтар аз ним фоизи аҳолӣ аъзои он бошад, таҳрифи таҳқиромези воқеият аст. Бинобар ин, дар ҷомеае, ки тамоми аҳолии он пайравони исломанд, фаъолияти ҳизби сиёсии алоҳидаи исломӣ ҳаргиз бо воқеияти ҷомеа созгор нест.
Д.Холзода,
таҳлилгари масъалаҳои динӣ