Хиёнат — ба ҷои шукронаи неъмат

Сентябрь 21, 2015 08:37

Қиссаи генерал ва ҳаммаслаконаш, ки ҳамватанонашро қатлу ғорат намуда, оқибат саркўб гардид 
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Моҳи сентябри соли равон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими ватаниву минтақавӣ ба нақша гирифта шуда буданд: 24-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, ҷашнвораи 700–солагии шоири машҳур Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷаласаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ. Ба ин ҷашну ҷамъомадҳо меҳмонони зиёди хориҷиву ватанӣ аз дуру  наздик даъват шуда буданд. 
Дар мамлакат ҳама — хурду калон барои дар сатҳи баланд гузаштани ин чорабиниҳо бо азму талош меҳнат мекарданд, хиёбону кўчаҳоро таъмиру тармим намуда, бо гулу гулзор, лавҳаҳои ҳайрамақдами меҳмонони гиромиқадр ороиш медоданд, то диёри зебоямон боз ҳам зеботару ободтар ва дилработар гардад ва табъи меҳмонону мизбонон аз маъвои ороставу пероста ва сайри диёри афсонавӣ хуш бошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ барои таъмини осоиши мардум ва ҳифзи марзу буми Тоҷикистон хизмати содиқонаи шабонарўзӣ доштанд, ҷавонон қарзи фарзандиро дар назди халқу ватан ба ҷо меоварданд. Вале ҳодисае рух дод, ки мардум онро интизор набуданд.
Субҳи 4 сентябр дар кўчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт садои тиру туфанг баланд шуд. Аз ин воқеаи ногаҳонӣ мардуми маҳаллаҳои наздик бо хавотирӣ аз хоб бедор шуданд. Онҳо  бо ташвиши зиёд аз ҳамдигар мепурсиданд: чӣ воқеа рўй додааст? Барои чӣ тирпарронӣ шуд? Одамони аз асли воқеа бехабар ва ноогоҳ ба саволҳои худ ҷавоб меҷустанд. 
 Ҳангоме ки субҳи барвақт мо ба кор мерафтем, дар ду кўҷаи номбаршуда, дар наздикии гардиши фурудгоҳ кормандони мусаллаҳи мақомоти қудратиро дидем, ки чораҳои таъҷилии амниятӣ меандешиданд, мошинҳоро дошта, шахсони ба қатлу ғорат гумонбаршударо ҷустуҷў менамуданд, гурўҳ ба гурўҳ тақсим шуда, истиқоматгоҳҳоро аз назар мегазарониданд. Зимни суҳбатҳо фаҳмидем, ки субҳи содиқ чанд нафар аз соҳибмансабони беандеша ва бадкирдор, ки худро мусулмони асил мешумориданд, ба ҷои тоату ибодат кардан даст ба куштори муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ задаанд ва ба сари оилаҳои навбатдорони минтақа ва нозирони роҳ мусибати сахте овардаанд. Охир ҷавононро дар хонаҳояшон падару модарон, завҷаву фарзандонашон интизор буданд…
Роҳи нав таъмиршудаи хиёбонҳо аз хуни муҳофизони ҷавони шаҳидшуда лолагун гашта буд. Роҳгузарон  бо ҳисси нафрат аъмоли зишту хиёнаткорона ва ношоистаи қотилонро маҳкум  менамуданд,  ба онҳо бо як овоз лаънат мехонданд.  
Маълум гардид, ки сарварии ҳамлагаронро генерал ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ба уҳда доштааст. Шабҳангом генерале, ки соҳиби мансаби баланди давлатӣ буд ва вазифадор буд, ки дар артиш барои оромии мамлакат ба афсарону аскарон сарварӣ намояд, даст ба чунин ҷинояти хунин ва ноҷавонмардона задааст. Аз рўи овозаҳо вай мехост, ки дар рўзҳои ид бо ҳуҷуми мусаллаҳонааш оромиву субот ва ваҳдати Тоҷикистонро барҳам зада, вазъи сиёсии мамлакатро мураккаб гардонад. Фикр мекард, ки мардум ба даъвати ин афсари  баландрутба ҳамроҳ мешаванд, ҳама ҷамъ шуда, аз паи  вай мераванд. Вале одамон, ки рўзҳои мудҳишу хунбори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида буданд, аз паси саркардаи исёнкор нарафтанд, бо вуҷуди таҳдидҳои мусаллаҳона, ҳаёти худашонро дар хатар гузошта, афсарони хиёнаткор ва ҳамкорони палиди онҳоро дастгирӣ накарданд. Баръакс, барои дастгир ва несту нобуд намудани иддае аз силоҳбадастони хусуматпеша мусоидат намуданд.  
Баъзеҳо ба ин воқеаи нангин ҳеҷ бовар намекарданд. «Охир ба  ҳоҷӣ Ҳалим чӣ намерасад, – мегуфтанд онҳо. — Соҳиби зану фарзандони зиёд, соҳибмансаби давлатист, мошинҳои хизмативу шахсӣ, корхонаю ширкатҳо, фермаҳо, боғу замин, хонаҳои истиқоматӣ, бўстонсарову истироҳатгоҳҳои зиёд дорад. Наход ҳамин қадар амвол ва мансабу сарватро партофта, ба даст яроқ гирад ва ба рехтани хуни ноҳақ машғул шавад?   Ин як тарафи масъала.
Дуюм ин ки оё як гурўҳи мусаллаҳи ноустувор бо давлате, ки ин қадар сохторҳои қудратии пуриқтидору ҳомиёни шуҷою диловар ва бонангу номус дорад,  муқовимат карда метавонад?  Албатта, не».  
Вале ҳамлаи генерали ошўбгар исбот гардид. Назарзода, ки худ тоҷик асту худро мўъмину мусулмон медонист, ба ҷои таъмини амнияти Тоҷикистон бо як гурўҳ ҳаммаслаконаш бо супориши хоҷагони хориҷӣ ба қатлу куштори одамони бегуноҳ, ҳомиёни ватан, ки ҳифзи оромиву осоиштагии мардумро ба дӯш доштанд, даст задааст. 
Дар дуоҳое, ки вирди забони мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон гардидааст, ибораи «шукронаи неъмат» такрор ба такрор зикр ёфтааст. Ин бесабаб наст, зеро аз ҳамаи неъматҳое, ки мо ҳар рўзу ҳар соат истеъмол мекунем, истифода мебарем, шукргузор ҳастем, аз он шукр мекунем, ки ин неъматҳои моддӣ зиндагии моро файзу баракати тоза мебахшанд, дастурхони моро пурнозу неъмат мегардонанд. Бо шарофати ин неъматҳо мо зиндагии мураффаҳ ва ҳаёти пурнишот дорем. 
Илова ба ин як зарбулмасале ҳаст, ки «Ношукрро нон  мезанад». Бале шахсе, ки ба қадри нону намак ва неъматҳои фаровони ин диёри зебоманзару гулбасар намерасад, аз неъмати сарватҳои дар ихтиёрашбуда носипосӣ мекунад ва даст ба қатлу ғорат мезанад, кўрнамак аст, ба муроду мақсади нопокаш намерасад ва дучори шикасту нокомиҳо мегардад. 
Сарнавишти генерали хиёнаткор ва ҳаммаслакони бадкирдораш, ки аз ваколатҳои хизматӣ сўйистифода намуда, қасами ҳарбиашонро шикастаанд, силоҳи оташфишони гуногунтамға, аслиҳа ва лавозомоти ҷангиро тасарруф карда, ба муқобили халқи худ ҷангиданд ва  баъд аз кушторҳои нангин ба кўҳу пуштаҳо рў ба гурез ниҳоданд, оқибат ба маргу ҳалокат анҷомид. Онҳо дар қуллаи баландкўҳи деҳаи Покрўди ноҳияи Ваҳдат камин гирифта, хаёл доштанд дар паси сангу сахраҳои бузург  паноҳ меёбанд ва дар  амон мемонанд.  Вале ҳаёт нишон дод, ки қуллаи баланд ҷои хиёнаткорони Ватан, ҷои қотилони бемурувват нест, чунки онҳо гуноҳи азиме карданд, ки нобахшиданист.  
Хуни ноҳақи рехтаашон онҳоро дар байни мардум шармандаву шармсор карда, ба коми марг кашид, онҳо аз дуои бади оилаҳои мусибатдида ба хориву зорӣ ва нобудӣ дучор шуданд. Шикасти ошўбгарон сабақи воқеиест ба ифротиёни балвогар ва тундрав, ки бо машварати хоҷагони хориҷиашон Тоҷикистони азизи моро ноором карданӣ ҳастанд. Онҳое, ки ба сари бародарони ҳамватан ва ҳаммиллати худ теғ бардоштаниянд, ҳаргиз комёб ва муваффақ нахоҳанд шуд, онҳо чун дастаи нобудшудаи ҳоҷӣ Ҳалим маҳкум ба муҷозот ва марганд. 

Ғ. Расулов,
корманди МТС  назди Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 21, 2015 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад