Хулосагирӣ аз ҳодисаҳои охири Тоҷикистон
Душанбе, 18.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Аз номи мудири шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ Ғ. Мирзоев ба АМИТ «Ховар» нома дастрас гардид, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон месозем:
«Кӯшишҳои ноором сохтани вазъ, ки аз тарафи гурӯҳҳои ҷиноии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд, ба вуҷуди хисороти ҷониву молӣ ва маънавии расонидашуда ба хоҷагии халқи кишвар ва обрӯи сиёсии Тоҷикистон, боз чанд нуқтаи муҳимеро барои хулосабарорӣ собит месозанд.
Сараввал, ҳукумат ва ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳар гуна хатар ва таҳдиди рухдода ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷ неру ва тавони сари вақт ҷавоб доданро дар худ доранд ва иқтидори воҳидҳои низомии кишвар пайваста рӯ ба рӯ афзоиш дорад. Сониян, умеду орзуҳои гурӯҳҳои тахрибгар ҷиҳати ба осонӣ вайрон намудани вазъи орому суботи кишвар ба зудӣ аз байн рафт, ки бисёр падидаи муҳим аст. Ин гурӯҳҳо ва мубаллиғони онҳо бо истифода аз эҳсосоти диниву мазҳабӣ ва маҳалии иддае аз шаҳрвандони кишвар умедвор буданд, ки байни қисме аз онҳо дастгирӣ ёфта, барои худ ҳаммаслак ва ёвар пайдо мекунанд, ки тирашон хок хӯрд.
Фазои динии кишвар ба ҷиддӣ аз муҳити ақидатии солҳои 90-уми асри гузашта фарқ мекунад. Наметавон ба эҳсосоти динӣ ва имонии мардум бозӣ карда, онҳоро ба ҳангомаҳои тавтеъаталабонаи худ ҷалб кард ва инро ба назар бояд гирифт. Ҳамзамон дастгирӣ ва ҳамкории сокинони маҳалӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва низомии кишвар аз бовару эътимоди онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, Ҳукумати Тоҷикистон ва раванди сулҳу суботи кишвари мо шаҳодат медиҳад».








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






