Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД оғоз ёфт
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, ба кори худ шуруъ намуд.
Қабл аз ҳама ба Қасри Миллат Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Белорус Александр Лукашенко ва сипас сарони дигар давлатҳо низ ворид шуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии СААД ба Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон, аз ҷумла Арманистон — Серж Саргсян, Белорус — Александр Лукашенко, Федератсияи Русия — Владимир Путин, Қазоқистон — Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон — Алмазбек Атамбоев ва сарвари кишвари мизбон, Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омадаанд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро як — як истиқбол гирифта, ба тамошои намоишгоҳи аксҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари фаъолияти пурсамари Тоҷикистон дар роҳи пешгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа мебошад, даъват намуд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳамоиши мазкур бо тамошои намоишгоҳи мазкур ва аксгирии умумӣ оғоз ёфта, бо баргузории ҷаласаи хосаи сарони давлатҳо, ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо ва намояндагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ идома меёбад ва бо имзои санадҳо ва изҳороти муштараки матбуотӣ ба поён мерасад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






