Идомаи ҷустуҷӯи Карим Девона

Сентябрь 8, 2015 11:05

Душанбе, 08.09.2015 (АМИТ “Ховар” Ҳотами Шариф).-Китоби нави мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим бо номи «Қиссаи Карим Девона» дастраси хонандагон гардид. Муаллиф бо овардани мисолҳои аниқу мушаххаси таърихӣ тавонистааст,  рӯзгори шоири халқ — Абдукарими Қурбон (Карим Девона)-ро, ки барои беҳбудии рӯзгори мардум бо шеър мубориза бурдааст, тасвир намояд.
    Дар ашъори шӯрангези шоири халқ- Карим Девона, ки баҳри тантанаи ҳақиқату адолат, бародарию баробарӣ ва дӯстиву рафоқат дар талош буд, зиндагии фоҷиабори сокинони водии Ҳисор  дар охири асри XIX ва аввали асри XX образноку хотирмон инъикос ёфтааст. Ҳикояҳои ҷолиб, шеърҳои худи Карим Девона китобро хеле хонданбоб намудаанд. Муҳарририи китобро Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба ӯҳда доштааст.

 

Сентябрь 8, 2015 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст