Ифтитоҳи 9 иншооти ҷашнӣ дар Ёвон

Сентябрь 9, 2015 07:19

Ёвон, 09.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба 24 — умин солгарди ҷашни Истиқлолият  9 бинои ҷашнӣ,  аз қабили  марказҳои хизматӣ, маркази ташхиси саломатӣ,  кӯлҳои моҳипарварӣ ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ ба истифода дода шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият 2 муассисаи таълимӣ  аз ҳисоби  маблағгузории  сафорати Ҷопон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми маҳал, барои 400 нафар хонанда  сохта ба истифода дода шуда буд.
Инчунин  аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  барои 775 нафар  хонанда дар назди муассисаҳои таълимӣ  синфхонаҳои иловагӣ сохта,  мавриди истифода  қорор  гирифт.
Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик  2 муассисаи таълимӣ  барои зиёда аз 1000 нафар  хонанда сохта мешавад.

 

Сентябрь 9, 2015 07:19

Хабарҳои дигари ин бахш