Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим»

Сентябрь 27, 2015 19:12

Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»). —  Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим», ки дар Созмони Милали Муттаҳид ороста шуд, иштирок ва аввалин шуда суханронӣ намуд.

Қабл аз ҳама, Сарвари давлати Тоҷикистон ба созмондиҳандагони муколамаи интерактивӣ, ки ба мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи тамоми башарият – таъсири тағйирёбии иқлим ба сайёраи мо – бахшида шудааст, арзи сипос кард.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон тайи даҳсолаи охир пайомадҳои манфии тағйироти иқлим, ки ба андозаи муайян ба фаъолияти инсон иртибот дорад, ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳад. «Пажӯҳиши чандинсолаи мутахассисони мо, -иброз дошт Президенти Тоҷикистон, — аз тақвияти таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа гувоҳӣ медиҳад».

Қайд гардид, ки тибқи мушоҳидаҳо, тайи 60 соли охир ба ҳисоби миёна ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба андозаи 1 дараҷа аз рӯи Селсия баланд шудааст; теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардидааст ва ҳодисаҳои ғайриоддии гидрометеорологӣ бештару шадидтар рух медиҳанд. Фақат ба иллати офатҳои табиии имсола ба иқтисоди кишвари мо ба андозаи садҳо миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расид. Мутаассифона, онҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис шуданд.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «таъсири манфии тағйироти иқлим ба ҳаҷм ва сифати захираҳои оби тозаи нӯшокӣ рӯз ба рӯз возеҳтар мегардад. Тайи даҳсолаи охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шудани масоҳати пиряхҳое, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд, ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба иллати тағйири иқлим дар ҳудуди кишвари мо то ҳазор пирях нобуд шудааст».

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз тағйири даври гидрологӣ, ки он ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, эҳтимоли обхезиҳо ва хушксолиҳои шадидро афзун мегардонад, эҳсоси нигаронии кишварҳои минтақаро иброз намуда, афзуд, ки «Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи минтақаҳое мебошад, ки дар паҳнои он тағйири иқлим аллакай ба пайомадҳои муайяни манфӣ сабаб шудааст».

Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи андешидани тадбирҳои мутобиқсозӣ, ки унсури муҳимми рушди устувор мебошанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Ҳукумати кишвар Нақшаи миллии амалиётро оид ба сабук намудани пайомадҳои тағйири иқлим тасдиқ намуд. Тибқи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим се гузориши миллӣ омода карда шуд. Масъалаҳои тағйири иқлим ва амалисозии чораҳои мутобиқсозӣ ба ҷузъи муҳимми Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 табдил ёфтаанд. Илова бар ин, Ҳукумати кишвари мо Барномаи давлатиро оид ба таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 тасдиқ намуд. Имсол якҷо бо шариконамон дар чаҳорчӯбаи экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии баландкӯҳи Помир мо ба коре оғоз бахшидем, ки он на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти илмиву амалӣ дорад. Тибқи арзёбии пешакии олимон, тадқиқи намунаҳои ҷинси пиряхҳои бузурги Тоҷикистон, махсусан пиряхи Федченко, барои арзёбии ҳолати глобалии пиряхҳо ва тағйири иқлим аҳамияти хоса хоҳад дошт».

Президенти Тоҷикистон иброз намуд, ки тадбирҳои самаранок оид ба сабуксозии пайомадҳои тағйири иқлим муттаҳид намудани талошҳои моро дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ тақозо доранд. Бинобар ин, бо истифода аз  минбари СММ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Осиёи Марказӣ зарурати таҳияву татбиқи стратегияи минтақавии маҷмӯӣ оид ба мутобиқсозӣ ба тағйири иқлим кайҳо ба миён омадааст. «Стратегияи зикршуда, -гуфт ӯ, — бояд тадбирҳои мутобиқсозиеро фаро гирад, ки дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат ба таъмини амнияти минтақа дар арсаи об мусоидат намоянд «.

Дар фарҷоми суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи омодагӣ ба Конфронси қарибулвуқӯи 21-уми ҷонибҳои иштирокдори Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим санадеро бо номи «Саҳми пешбинишаванда ва муайяншавандаи миллӣ» омода кард, ки он арзёбии ҳолати кунунӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаро дар бар мегирад.

Президенти Тоҷикистон аҳамияти калидӣ пайдо кардани маблағгузории тадбирҳо оид ба кам кардани партовҳо ва мутобиқсозӣ, алалхусус барои кишварҳои рӯ ба рушдро махсусан таъкид дошта, бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолатҳо, изҳори умед кард, ки василаҳои нави молиявӣ – Хазинаи иқлимии сармоягузорӣ ва Хазинаи сабзи иқлимӣ – дар ҷодаи амалӣ сохтани чораҳои нақшавӣ ба мо кумаки саривақтию зарурӣ хоҳанд расонид.

Сентябрь 27, 2015 19:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад