Иштироки хурдтарин ва фаъолтарин шунавандаи Радиои «FM Ховар» дар озмун
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нилуфар ҳамагӣ 4-сол дорад. Аммо бо зеҳну ҳуши фавқулодда ва маҳорати хушсуханию ҳозирҷавобӣ, шунавандаҳои радиои «FM Ховар»-ро ба ҳайрат гузоштааст. Ин истеъдоди табиӣ, нутқи бурро ва иштироки пайваста Нилуфарро дар баробари 10-нафар ғолибони барномаи «Рози рӯз» ба даври ниҳоӣ раҳнамоӣ намуд.
Ба ифтихори 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, миёни шунавандаҳои сершумори Радиои «FM Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» озмун дар бахшҳои «Истеъдод» ва «Лутфи латиф»-и барномаи «Рози рӯз» тӯли се моҳ ҷараён гирифт. Даври ҷамъбастии ин озмун имрӯз бо ҳузури 10-тан аз иштирокчиёни фаъол, ки шартҳои озмуни мазкурро гузаштаву ба даври сеюм роҳ ёфта буданд, дар студияи марказии Радиои «FM Ховар» баргузор гардид. Ҷараёни даври ниҳоии озмун пурра тавассути барномаи «Рози рӯз» мустақиман пахш гардид ва шунавандаҳо низ шоҳиди баргузории он буданд. Ғолибоне, ки натавонистанд дар барнома ширкат кунанд ва аз шартҳои даври ниҳоиро, ки бо иштироки ҳакамон сурат гирифт, гузар намоянд, тариқи телефон истеъдоди худро санҷиданд. Ёдовар мешавем, озмун се марҳиларо дар бар гирифт ва иштирокчиён маҳорати овозхонии худро дар се жанри мусиқӣ, «Шашмақом», «Эстрада» ва «Халқӣ» назди ҳакамон нишон доданд. Аз миёни иштирокчиён танҳо се тан ғолиби мутлақи озмун дониста шуда бо ифтихорнома ва туҳфаву мукофотҳои таъсисдодаи Радиои «FM Ховар» ва ширкати «ТОП Медия» сарфароз гардонида шуданд.
Ҷои аввалро истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саидањмади Саидмурод, ҷои дуюмро истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Нигора Чилаева ва зиннаи сеюмро бошад Фирдавс Хоҷаев аз шаҳри Душанбе ба даст оварданд. Боқимонда иштирокчиён, ки ба даври сеюм роҳ ёфта буданд, бо ифтихорномаҳо қадрдони шуданд.
Дар миёни иштирокчиёни озмун хурдтарин ва фаъолтарин шунавандаи Радиои «FM Ховар» аз шаҳри Душанбе, ки духтарчаи 4 -сола бо номи Нилуфар ба ҳисоб мерафт, доварони озмунро бо нутқи бурро, маҳорати баланди ҳозирҷавобию ширинсуханӣ дар ҳайрат гузошт .
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фурқати Саид ва роњбари ширкати ТОП Медия Беҳруз Зеваров, ки озмуни мазкурро доварӣ мекарданд, дар анҷоми барнома нисбат ба маҳорат ва истеъдоди ғолибон, изҳори назар намуда, иброз доштанд, ки баргузории чунин озмунҳо барои рӯйи кор овардани чеҳраҳои нави санъату ҳунар хеле муҳим аст ва барномаи «Рози рӯз» тавонистааст, онҳоро ҳамчун ҳунарманд бо навқадамони соҳибистеъдоди олами рангини ҳунари овозхонӣ, рӯ ба рӯ намояд. Тавре Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фурқати Саид таъкид намуд, ононе, ки ғолиби ин озмун гардиданд, акнун бояд бештар пайи талош ва ҷустуҷӯву навоварӣ бошанд, зеро ҳунару санъат бояд ҳамеша такмил ёбад. Хусусан маҳорати фавқулоддаи Нилуфар метавонад дар натиҷаи дастгирию кӯмаки волидону пайвандон бештар такмил ёбаду ӯро дар оянда ҳамчун як ҳунарманди муваффақ муаррифӣ намояд.
Даври сеюми озмун, ки даври ҷамъбастии он дониста мешавад, пас аз се моҳ бо иштироки кулли шунавандаҳо ва ҳунармандони эстрадаи тоҷик дар толори «Кохи Ҷомӣ» баргузор мегардад. Мақсади аслии баргузории озмун, дарёфти истедодҳои ҷавон мебошад. Ёдовар мешавем, ки ин аввалин радио-озмун, дар самти пайдо кардани ҳунармандони ҷавону соҳибистеъдод мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






