«Истиқлол» ба Майлазия рафт
Душанбе, 14.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дастаи «Истиқлол”-и Душанбе рӯзи 12 сентябр барои бозии ҷавобии даври чорякниҳоии Ҷоми АФК-2015 бо тими «Паҳанг” ба Малайзия сафар кард.
Ба иттилои ФФТ ҳайати даста аз 16 бозингар-2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст.
Ёдовар мешавем, бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми АФК байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Паҳанг», ки 26 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон- дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 4:0 ба анҷом расид.
Бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар варзишгоҳи Дорулмакмури Куантан баргузор мешавад. Дастаи ғолиб дар бозии нимфиналӣ бо ғолиби дастаҳои «Кувайт”-и Кувайт — «Китчӣ”-и Ҳонконг рӯзҳои 30 сентябр ва 21 октябр рақобат мекунад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






