«Истиқлол» ба Майлазия рафт

Сентябрь 14, 2015 04:37

Душанбе, 14.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дастаи «Истиқлол”-и Душанбе рӯзи 12 сентябр барои бозии ҷавобии даври чорякниҳоии Ҷоми АФК-2015 бо тими «Паҳанг” ба Малайзия сафар кард.
Ба иттилои ФФТ ҳайати даста аз 16 бозингар-2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар иборат аст.
Ёдовар мешавем, бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми АФК байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Паҳанг», ки 26 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон- дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби  4:0 ба анҷом расид.
Бозии ҷавобӣ 16 сентябр дар варзишгоҳи Дорулмакмури Куантан баргузор мешавад. Дастаи ғолиб дар бозии нимфиналӣ бо ғолиби дастаҳои «Кувайт”-и Кувайт — «Китчӣ”-и Ҳонконг рӯзҳои 30 сентябр ва 21 октябр рақобат мекунад.

 

Сентябрь 14, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид