Изҳороти ҷавонони ноҳияи Варзоб ба хоини миллат «Ҳоҷӣ Ҳалим»
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо ҷавонони ноҳияи Варзоб ҳамрадифи изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буда, шукри онро мекунем, ки ҳамқадами замони истиқлол ҳастем ва дар фазои сулҳу оромии кишвари азизамон Тоҷикистон умр ба сар мебарем.
Баьд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва пойдор гардидани сулҳ дар Тоҷикистон бо дастгирии Президенти мамлакатамон Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азими созандагию ободкорӣ бунёди роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳо, неругоҳҳои барқӣ, хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, ҳифзи саломатӣ ва ғайра анҷом ёфтанд, ки нодида гирифтани онҳо номумкин аст.
Дар баробари ин, қадамҳои устуворе дар роҳи демократикунонӣ, бунёди ҷомеаи озоду солим ва таррақипарвар ниҳода шуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар барои дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва аз байн бурдани фасод ва дигар омилҳои номатлуб тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Воқеан мо ҷавонони саодатманди даврони истиқлол то кадом андоза муҳим будани ҳифзи давлати демократию ҳуқуқбунёду шаҳрвандиро медонем ва дарк кардаем, ки зиндагии хушу босаодат танҳо дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаю ободкорона, рушди илму техникаи муосир ва раҳо ёфтан аз таъсири ҳар гуна нерўҳои динӣ- сиёсӣ ва хурофотӣ ба даст меояд.
Мутаасифона, бархе аз хиёнаткорон ва хоинони миллат ба монанди Назарзода Абдуҳалим «Ҳоҷӣ Ҳалим» ба муқобили ҳамаи ин дастовардҳо бархоста вазъияти имрӯзаи кишварро ноором месозанд.
Мо ҷавонони ватандўсту ватанпарвар амалҳои хиёнаткоронаи хоини миллатро сахт маҳкум намуда, зери сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро муқаддас мешуморем ва намегузорем, ки чунин хиёнаткорон ба мақсадҳои ноҷавонмардонаи худ бирасанд.
Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем.
Боварии комил дорем, ки бо дастгирии сохторҳои қудратии мамлакат ин хоинони миллат ба шикаст афтода, дар назди қонун посух хоҳанд дод.








Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






