Изҳороти ҷавонони шаҳри Турсунзода
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо, ҷавонони шаҳри Турсунзода ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипосии он Назарзода Абдуҳалимро сахт маҳкум намуда, ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрўзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон даъват менамоем.
Мо, ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дарки амиқи вазъи имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, даъват ба амал меоварем, ки ҳама якҷоя, аз як гиребон сар бароварда, дасти ҳамдигар гирифта, якдилу ҳамфикру ҳаммаслак гашта, дасти худ болои қалб гузошта, бо садоқати самими ватандўстона, виҷдони поки ҷавонмардона, ғурури баланди тоҷикона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замона, аз ҷумла терроризму экстремизм муборизаи беамон мебарем!
Мо чун қувваи пешбаранда ва нерўи созанда танҳо барои ояндаи дурахшон ва шукуфоии Ватани азизамон ҷаҳду талош менамоем, баҳри ҳимояи он қалбҳои сўзони худро дар муҳофизати марзу бумаш сипар намуда, намегузорем, ки касе аз душманони аҷнабӣ ва дохилӣ ҳамсолони моро ба гумроҳӣ баранд ва сулҳу суботи Тоҷикистони азизро халалдор созанд.
Мо ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки пешвои миллатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дўст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем ва барои ободиву шукуфоӣ, ҳифзи марзу буми Ватани азизамон кўшиши дучанд намоем ва бо рўҳияи баланд ба сўйи созандагиву ободонии диёр, таҳти шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем…» қадамҳои устувор мезанем!
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






