Изҳороти Филиали иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва варзишгарони пойтахт
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва варзишгарони пойтахт дар пояи Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик ва бо такя ба иқтидори зеҳниву руҳияи созандаи халқи тоҷик аз қаҳрамониву ҷонфидоиҳои фарзандони банангу номуси Ватан, ки ба хотири ҳифзи якпорчагии меҳан ва нангу номуси миллӣ, ҳамеша талош меварзанд, заҳмати эшонро намунаи олии ватандўстиву меҳанпарастӣ, расидан ба мақсаду маром ва ҳадафҳои созандаи ибратомўзи насли дирўзу имрўз ва фардо қабул менамоем ва бо дарки масъулият, садоқату дўстӣ, якдиливу эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ қарзи виҷдонии хеш мешуморем то наздашон сари таъзим фуруд орем.
Бо хиради азалӣ ва пос доштани муқаддасоти Ватан, оромиву субот, нигоҳдории хурсандии модарону хоҳарон хандаи тифлону осудагии хонадони якояки аҳли ҷомеа, кирдорхои наҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абудуҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро ки боиси нооромиҳои рўзҳои охир ва рехтани хуни чанд нафар фарзандони бегуноҳ гардидааст, сахт махкум намуда, аз тамоми ҷавонони кишвар даъват ба амал меорем, то зираку ҳушёр бошанд ва ҳамеша ҳифзи манфиатҳои миллиро сармашқи рўзгори хеш қарор диҳанд.
Мардуми сарбаланди кишвар, имрўзҳо 24 — умин солгарди Рўзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарҷамъона бо назардошти рўи кор омадани дастовардҳои муҳими меҳнатӣ таҷлил менамоянд. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар қатори дигар сохторҳо, ки дастпарвари даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ба тавонмандии созандаву бунёдкоронаи ҷавонони кишвар ва пойтахти азизамон шаҳри Душанбе қоил буда, бо бовариву эътимоди қавӣ ба иқтидори ҷавонон такя намуда, тамоми кирдорҳои ноҷавонмардонаро дар мисоли носипосиву хиёнат ба Модар — Ватан, хоинӣ ва беномусии Назарзода Абудуҳалим (Хоҷӣ Ҳалим) маҳкум менамояд.
Мо ҷавонону варзишгарон медонем, ки ба даст овардани Истиқлолият, камолоти он ва рушди ваҳдати милливу дастовардҳои назарраси буёдгузорӣ барои мову халқи мо, чи қадар арзиш ва муҳимият дорад ва фарсахҳо тай шуд, хуни аҷдодонамон рехт, ҳазорҳо модарону хоҳарон бешавҳару бенаво монданд, тифлакон урёну гирён, ятимшавии фарзандону гуруснагӣ таҳдидамон кард, то ин соҳибватанию соҳибистиқлолӣ насибамон гардид. Имрўз ифтихори мо Ватани мост, модари мост, осудагиву ваҳдат ва истиқлоли мост, сарвари хидаманду сулҳофари мост! Мо такягоҳ ва татбиқгари ҳадафу сиёсати сулҳофару созандаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва мемонем.
Бо дарки ин маънӣ мо ҷавонону варзишгарони Душанбешаҳр даъват ба амал меорем, ки намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ кинаву кудуратро дар масъалаҳои баҳсангез аз худ дур карда, баҳри ҳалли ҳамагуна масъалаҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу манфиатҳои давлатӣ бо мо ҳамроҳ бошанд. Дар муроҷиат ба эҷодкорону ҳунармандон, кормандони воситаҳои ахбори омма барои эҷоди асарҳо, таҳияи мақолаҳо, сужаву барномаҳо ва дигар воситаҳои таъсиррасон хоҳиш менамоем, ки манфиати давлату миллат, сулҳу субот ваҳдати миллӣ, оромии ҷомеаро дар мадди аввали эҷодиёти хеш қарор диҳанд.
Зеро мо дар якҷоягӣ метавонем ҳамаи душвориҳоро, ки дар кишвар мавҷуданд бартараф намоем ва сазовори ифтихору эҳтироми ҷаҳониён бошем.
Мусаллам аст, ки мо ҷавонон дар амалисозии ҳама ташаббусҳои давлатӣ нақши пешсаф ва ибратбахш дошта, ин навбат низ метавонем Парчами ватандориву ибтикоротро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда, ки масъулияти он, бар души мо вогузор аст, бо боварии комил ба дасти худ гирем.
Биёед, бо ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ намунаи ибрати оламиён бошем ва баҳри номуси Ватан аз қатра дарё ва ба рағми ҳама мушкилиҳо тӯфон шавем!
Мо ҷавонон ваҳдату ҳамдилии тамоми тоҷикистониёнро дар фазои озоду ягона қабул дошта, хиёнат ба ватанро маҳкум намуда, дўст доштани ватанро болотар аз ҳама дониста, зери шиори «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» душманону ноҷавонмардон ва хиёнаткорону хоинони миллатро ЛАЪНАТ мехонем.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!
Ҳамроҳ бо мо бошед!
Раёсати Филиали иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе