Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик

Сентябрь 7, 2015 06:57

        Ҳамдиёрони азиз!
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони соҳибистиклолии кишвар, ба ирода ва матонати миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик эътимоди қавӣ дошта, рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи хоини миллат ва носипоси он Назарзода Абудҳалим (Хоҷӣ Ҳалим)- ро сахт махкум намуда,  ҳамагонро ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, Истиклолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрӯзу фардои ин хоку обу нон ва осоиштагии хонадону домани поки хоҳарону модарон   даъват менамояд. 
Воқеан истиқлолият неъмати бебаҳоест, ки тамоми наслҳои миллати бонуфузи тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ҳазорсолаҳо барои он талошу ҷадал доштанд,  вале  ин ҳадяи зебои тақдири инсонӣ танҳо насиби насли кунунии тоҷикон гардида, боиси шарафу ифтихори бузурги ҳамаи мост.  
    Албатта, 24 — соли истиқлолият дар қиёси таърихи чандинҳазорсолаи давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу кӯшишҳои истиқлолхоҳии миллатамон фурсати калоне нест. Вале муҳимаш  он аст, ки даврони истиқлолият нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми кишварро ба зуҳур оварда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии тоҷикону тоҷикистониёнро таҳким бахшид. Агар фаъолияти бистучорсолаи давлатдориамонро таҳлил намоем, он барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ буда, моро таҳти сарварии Пешвои миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо решаҳои тавонои чандинҳазорсолаи давлатдориамон пайваст намуд.
    Ҳамдиёрони арҷманд!
    Соҳиби  давлату Ватани худ будан, дар  чаҳорчӯбаи  қонуниятҳои  озодӣ,  ободӣ,  ҳуқуқ ба меҳнат,  таҳсил,  эҷод ва дигар шартҳои умумибашарӣ умр ба сар будан,  ҳама самараҳои  боғи  истиқлолиятанд, ки дар тӯли 24 соли охир  насиби тамоми тоҷикистониён гардидаанд.
    Вале як нуқтаро набояд фаромӯш кунем, ки барои ба истиқлолияти воқеӣ соҳиб гардидан,  миллати  шарафманди тоҷик аз  байни обу оташи шадиди айём  гузар карда, бо  худшиносиву  матонати миллиаш худро барои оламиён  муаррифӣ кард ва собит  сохт, ки соҳиби  гузаштаи  пурифтихор,   таърихи тулонӣ ва  фарҳангу  маърифати пойдору устувор  мебошад. 
Ҳадаф аз ёдрас намудани дастовардҳои даврони  истиқлолият ин сабақ гирифтан  аз таърихи пурфоҷиаи миллат, ба қадри  давлати милливу истиқлолияти он расидан, якпорчагии мамлакат ва ваҳдати  бо нархи ҳазорон ҷон харидаи миллӣ ва аз дастдарозии ҳамагуна бадхоҳони миллат ҳифз кардани ин дастовардҳои беназир мебошад. Маҳз ин хулосабарорӣ ба мо имконият бахшид, ки дар дунё Парчами миллии хешро аз ҳама болотар барафрозем ва ҳамагон бояд ба қадри он бирасем. Зеро:
 Ҳар чӣ дар олам харобӣ рух диҳад,
  Чун бубинӣ аз нифоқ аст, аз нифоқ.
 В-он  чӣ таъмири харобиҳо кунад,
  Дар ҳақиқат иттифоқ аст, иттифоқ.
Дар ин замина Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки тақдири имрӯзу ояндаи миллат барояш бегона нест, миллионҳо ҷавонони матиниродаву содиқро дар зери як шиор: «Зинда бош, эй Ватан, Точикистони озоди ман» пайваста муттахид сохта, бо шунидани хабари хиёнаткорона ва разили Абдуҳалим Назарзода ва ба ҳалокат расидани гурдони далеру ҷасур, ки дар роҳи таъмини амнияти ормонҳои миллӣ фидо гаштанд, тамоми ҷавонон ба муттаҳид шудан ва бетарафу тамошобин набудан даъват менамояд. 
Ватан фарзандони қаҳрамон ва шаҳидони озодипарасти хешро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Номи онҳо ҳамеша зиннатбахши дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқамон мебошад. 
Ҳамзамон, Ватан хоинон, буздилон ва ноҷавонмардони  хешро низ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Онҳо дар саҳифаҳои сиёҳи таърихи миллат ҳамчун доғи нопок бо мазаммат, бо ҳазорон лаъну нафрин ном бурда мешаванд, ки наслҳои ояндаи Ватан аз ин нопокӣ ҳазар бикунанд.   
Мо ҷавонони даврони Истиқлолият бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон изҳор медорем, ки Пешвои миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуст медорем ва дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҳамчун занҷири пулодӣ ба ҳам пайваст буда, ҳатто то охирин лаҳзаҳои ҳастӣ, ҳимоятгари сохти конститутсионӣ ва ормонҳои миллӣ боқӣ мемонем. 
  
    Зинда бош, эй Ватан Тоҷикистони озоди ман!

Сентябрь 7, 2015 06:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
«КОРВОНИ ДИДОР». Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст