Кароматулло Олимов: «Гурӯҳҳои бадхоҳи Тоҷикистон дониста бошанд, ки сокинони Тоҷикистон ҳаргиз онҳоро дастгирӣ намекунанд»

Сентябрь 18, 2015 06:25

Душанбе, 17.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Вобаста ба ҳодисаҳои хунине, ки давоми даҳ рӯзи охир дар мавзеи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз тарафи дастаи террористии ҷинояткорони хиёнатпеша ба амал омада, боиси марги одамон ва ҳамчунин ташвиши сокинони мамлакат гардид, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ноиби Президенти АИ ҶТ, мудири шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, академик Кароматулло Олимов суҳбат баргузор намуд. 
Академик  Кароматулло Олимов аз ҷумла гуфт, ки «Он рӯзҳое, ки ин воқеаҳои нохуш сар заданд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ омодагиҳо ба ҷашнгирии 700 солагии мутафаккири Шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мерафт. Барои иштирок дар ин чорабинӣ аз кишварҳои хориҷӣ меҳмонони зиёд омада буданд. Мутаассифона, дар рӯзи оғози Симпозиуми байналмилалӣ воқеае рӯй дод, ки на танҳо барои олимон, балки барои кулли сокинони мамлакат ғайричашмдошт буд. Барои он ғайричашмдошт буд, ки фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии мамлакат хеле ором ва муназзам идома дошт, мо ҳатто ифтихор мекардем, ки дар чунин фазои орому осуда ҷашнҳои бузурги давлатиро таҷлил мекунем. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни давлатӣ аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиа сар задани ҷинояти мудҳиш, боиси нигаронӣ, ташвиш ва таассуф гардид. Дар муроҷиатномаи олимону кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ки ҳамон рӯзҳо паҳн гардид, ин амали ҷинояткорон сахт маҳкум шуда буд».
Вобаста ба омилҳои сар задани ҳодисаҳои хунини моҳи сентябр Кароматулло Олимов қайд кард: « Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза кишварҳои мусулмоннишини Шарқ хеле ноором ҳастанд. Ба вуқуъ пайвастани ҳодисаи нангин аз тарафи собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат ва гурӯҳи ӯ сабабҳои ҷиддӣ дорад. Ҳатман дар ҷумҳурӣ ва берун аз он гурӯҳҳое вуҷуд доранд, ки оромии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Чунин ҷинояту хиёнатҳо мутаассифона бори нахуст ба амал наомадааст. Дар солҳое, ки ҷанги шаҳрвандӣ сар зада буд, аксарияти мардуми Тоҷикистон ҳанӯз дар зери таъсири барҳам хурдани давлати Иттиҳоди шӯравӣ сабабҳои сар задани нооромиҳо ва эътирозу намоишҳои оммавиро дуруст дарк намекарданд. Аммо имрӯз вазъият дигар шудааст. Мардум сар задани мухолифатҳои мусаллаҳонаро, ки боиси марги одамони бегуноҳ мегадад, дубора дидан намехоҳанд. Кишварҳое ҳастанд, ки бо мақсади аз худ кардани сарватҳои табии Тоҷикистон, мехоҳанд мардумро пароканда карда, миёни онҳо нифоқ барангезанд. Барои ба вуҷуд овардани нооромиҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаҳои гуногун заминагузорӣ кунанд. Илова ба ин гурӯҳҳое мавҷуданд, ки сохти давлати дунявии Тоҷикистонро дидан намехоҳанд, дар кишвари мо режимҳои дигарро таҳмилу ҷорӣ кардан мехоҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки Абдуҳалим Назарзода ба сифати фармондеҳи ҳарбӣ аз ҷониби собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин пешниҳод шуда буд. Дар навбати худ ҳукумати кишвар ба ин шахс бовар карда, ба ӯ рутбаҳои баланди ҳарбӣ ва вазифаи масъули роҳбарикунандаро дод. Ҳодисаҳои ба амал омада нишон доданд, ки ин шахс ба қасами худ содиқ набудааст. Ин шахс ба ҷойи таъмини амнияту бехатарии сокинон, ки аз вазифаи ба ӯ вобасташуда бармеомад, ба ҷамъ овардани молу мулк ва сарват машғул будааст. Ҳамчунин барои таъсис додани гурӯҳи ҷиноятӣ ба шахсони роҳгумзада маблағҳои пулӣ дода, онҳоро ба тарафи худ ҷалб мекардааст. Пурсида мешавад, ки ба кадом мақсад ин корҳо сурат мегирифтанд, ин маблағҳои пулӣ, сарватҳои моддӣ аз куҷо ҷамъоварӣ шудаанд? Тадқиқи ин ҳолатҳо сабабҳову омилҳои сар задани ҷинояти мудҳиш аз тарафи собиқ муовини вазири мудофиаро нишон хоҳанд дод».
Ҳамсуҳбат дар идома афзуд, ки «Ман ҳамчун узви КОМ таъкид мекунам, ки сулҳ дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст, барои расидан ба сулҳ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷонбозиҳои зиёде карданд, то ин ки ҷониби мухолифинро ба Ватан баргардонад ва бо ҳамин ба муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҳудуди Тоҷикистон хотима бахшида шавад. Маҳз талошу кӯшишҳои Сарвари давлат буданд, ки дар кишвар аз солҳои 2000-ум инҷониб ҳаёти осоишта ҷорӣ мебошад ва сокинон аз он истиқболу пуштибонӣ мекунанд. Ба чунин амали хоинона, ҷинояткорона, зиддихалқӣ ва зиддидавлатӣ даст задани як гурӯҳи ғаразнок нишонаи он аст, ки ҳанӯз қувваҳое ҳастанд, ки оромӣ ва осудагии Тоҷикистонро намехоҳанд. Ин гурӯҳҳо бо нишондодии қувваҳои берунии бадхоҳи Тоҷикистон амал мекунанд. Мо, олимон амалҳои хиёнатгаронро маҳкум мекунем. Бубинед, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Ливия, Яман, Афғонистон чӣ ҳодисаҳо сар задаанд. Дар баъзе аз ин мамлакатҳо сокинон зиндагии осоишта доштанд, ҳукумат барои онҳо шароитҳои хуби зиндагиро таъмин карда буд. Акнун бошад, баъд аз сар задани эътирозҳои сохташуда, нооромиҳо ва мухолифатҳои мусаллаҳона сокинони ин кишварҳо дар ба дар, сарсону саргардон ҳастанд, кишварҳои аврупоӣ бошанд, онҳоро қабул кардан мехоҳанд». 
Ба андешаи Кароматулло Олимов ба зудӣ торумор шудани дастаи террористии ҳоҷӣ Ҳалим аз он шаҳодат медиҳад, ки қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, нерӯҳои амниятӣ ва сохторҳои қудратӣ ба душманони Тоҷикистон ҷавоби сазовор дода метавонанд: «Давоми чанд рӯзе, ки гурӯҳи ҷиноятии собиқ муовини вазири мудофиа дар мавзеи Ромит силоҳ ба даст гирифта, зидди халқу ватани худ бархостанд, чандин сарбозону афсарони шуҷои Ватан, қарзи фарзандии худро иҷро карда, ба ҳалокат расиданд. Дар чанд хонаводаи тоҷик мотам омад, чанд фарзандон бе падару чанд занон бе шавҳар монданд. Гурӯҳи террористии Абдуҳалим Назарзода барои он дар муддати кӯтоҳ торумор гардид, ки мардум зидди онҳо баромаданд, сокинони кишвар амну осудагии кишварро аз ғаразҳои бадхоҳон эмин нигоҳ доштанд ва сиёсати ҳукумати мамлакатро ҳамҷониба пуштибонӣ карданд. Бинобар ҳамин бо эътимод метавон гуфт гурӯҳҳое, ки зидди манфиатҳои миллӣ ва давлатии Тоҷикистон баромад мекунад, дониста бошанд, ки сокинони Тоҷикистон онҳоро ҳаргиз дастгирӣ намекунанд».

 

Сентябрь 18, 2015 06:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид