«Корвони китоб- 2015» ба вилояти Суғд меравад
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006- 2015» соли нуҳум аст, ки тавассути КВДТС «Китоб» Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар қаламрави кишвар роҳандозӣ мешавад.
«Корвони китоб»- и имсола аз солҳои пеш бо он тафовут дорад, ки имсол роҳбарияти Вазорати фарҳанги кишвар муассисаҳои нашриявии тобеи вазорат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муаллифони алоҳидаро барои ширкат дар ин чорабинии фарҳангӣ ҷалб намуда, китобҳоеро, ки дар доираи маблағҳои давлатӣ ба табъ расида буданд, барои ба таври ройгон дар ихтиёри китобхонаҳо гузоштан ба фонди «Корвони китоб» шомил намуд.
«Корвони китоб- 2015» ибтидои моҳи сентябри соли равон ба ВМКБ сафар намуд. Ибтидо дар ноҳияи Дарвоз, дар Қасри фарҳанг, ки тозабунёд ва хеле зебост, бо ибтикори директори Китобхонаи марказии ноҳия Рӯзигул Саидамирова вохӯрии масъулини ин чорабинии фарҳангӣ бо сокинони ноҳия, аз ҷумла мактаббачагон ва сарбозон- сарҳадчиён баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки «Корвони китоб- 2015» 1- уми отиябри соли 2015 ба вилояти Суғд ба сафар мебарояд. Сафар як ҳафта идома ёфта, дар он баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр ва нишасту вохӯриҳо бо хонандагон бо ширкати аҳли қалами вилоят дар назар дошта шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






