Ӯлмас Ҷамол: «Ба истиқлолияти мо ҳеҷ кас зарар расонида наметавонад»

Сентябрь 8, 2015 13:46

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Соли ҷорӣ 24-умин солгарди истиқлолияти кишварамонро бо руҳияи баланд пешвоз гирифта истодаем. Халқи тоҷик ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон аз истиқлолияти давлатӣ шукргузорӣ карда, барои рушди минбаъдаи Ватани худ ва ободию осудагии он тасмим гирифтааст.  Худоро шукр, ки мо ба ин рӯзҳо  расидем.
Дар Тоҷикистони азиз, дар қатори бародарони тоҷик намояндагони дигар миллатҳо, аз ҷумла ӯзбекҳо низ тинҷу осуда ва бо якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд. 
Мо бояд шукргузорӣ намоем, ки Парвадигор ба мо неъмати бебаҳо, яъне сулҳу салоҳ ва суботу оромиро  насиб гардонидааст. 
Чандин асрҳост, ки дар ин сарзамин дар қатори дигар миллатҳо ӯзбекҳо низ барои ободии Ватан, осоиштагии он камари ҳиммат бастаанд, ки ман бояд аз он фахр намоям. 
Тоҷикистон сарзамини дӯстии халқҳост. Барои истеҳкоми сулҳу субот Президенти ҶТ, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Ҳукумат сазовори таҳсинанд. 
Вале воқеъаҳое, ки вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ рух додаанд,  мардумро хеле нороҳат намуд. Махсусан, ҳаракатҳо ва фаъолияти  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба норозигии одамон оварда расонидааст.
Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ҳанӯз ҳам аз ёди мардум нарафтааст… Соли 1992 аз ҳаракатҳои ноҷои роҳбарони вақти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳбарони ба ном «демократ»-и баъзе ҳизбҳо  дар Тоҷикистон ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва гуруснагӣ оғоз шуд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз одамон ба хун ғарқ шуданд ва бархе бе хонаю дар шуданд.  Ҷавонмардони асили миллат ноҷо хазон шуданд. Дар оилаҳо фарзандон бепадар, ятим ва асир гардиданд. Ҷавондухтарони фарзона бешавҳар монданд. Ин хотираҳои талх аз ёди мардум то ҳол набаромадааст. Вале имрӯзҳо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боз ҳамон найрангбозиҳои худро оғоз намуда истодааст. Дар ин дунёи фонӣ аз ҳама ҷурми бузург ин хиёнат ба Ватан мебошад. Хиёнат ба Ватан гуноҳест нобахшиданӣ. 
Воқеаҳои террористие, ки наздик ба рӯзҳои ҷашни истиқлолият рух доданд, маро бисёр ғамгин кард. Хиёнате, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷӣ Ҳалим) содир намуд, аз доираи инсоният берун аст.
Дар натиҷаи ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ кормандони мақомоти милитсия мардони шуҷои Ватан юармаҳал ба ҳалокат расиданд. 
Ин чӣ ваҳшоният аст?
Мардум аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва аъмоли он безор шудааст. Сабабаш,  мансабхоҳӣ ва  хунрезиҳои онҳо мебошад. 
Имрӯзҳо ман ба синни 82 қадам ниҳодам. Тоҷикистон Ватани модарии ман аст. Як лаҳзаи рӯзи сиёҳи ин Ватан маро боз сад соли дигар пир мекунад, гӯям, ҳайрон нашавед.
Ман намояндаи солхӯрдатарини ӯзбеконе, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, мебошам. Бояд ҳаминро қайд кунам, ки дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик садҳо аср боз идома дорад. 
Ҳеҷ шубҳае нест, ки дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бо шарофати сиёсати халқпарварии Президенти ҶТ, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким меёбад. 
Амалиёти террористие, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон содир намуданд, на фақат ғазаби моро, балки ғазаби тамоми халқҳои оламро ба миён овард.
Ман ҳамчун як одами пиронсол мехоҳам расонам, ки ба халқ тинҷӣ лозим аст. Боз як бори дигар такрор шудани воқеаҳои солҳои 90-ум ва фуқаро шудани мардумро намехоҳам. 
Шукронаи Худо, ки Сарвари давлатамон ва аъзои Ҳукумат шахсиятҳое мебошанд, ки ба қадри халқи кишвари бузургамон мерасанд. 
Сарзаминамон ободу Худо нигаҳбонамон бошад.

Бо эҳтиром, Ӯлмас Ҷамол,
шоир, соҳиби ордени «Дӯстӣ»

Сентябрь 8, 2015 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд