Мағзҳои хароб харобазоянд

Сентябрь 25, 2015 12:15

Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо  эътироф намудани ҷанг ҳамчун раванди азбайнбарандаи миллат ва арзишҳои миллӣ, дар давраи низоъҳои дохилидавлатӣ мардуми тоҷик  дарк намуд, ки ҳамаи кӯшишҳо ва ҳадафҳои бадастории ин ё он мақсад бе ваҳдати комил ғайриимкон аст. Ин зинаи дарки ҳақиқат асос гашт, то миллати тоҷик тарки фаҳмишҳое, монанди «минтақа», «авлод», «гурӯҳ», «ҳокимият», «ҷоҳ» ва «мақом» намуда, дар сар андешаи таъмини ризоияти миллӣ ва расидан ба ваҳдати миллиро ҷой диҳад. Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нишон дод, ки миллат чӣ гуна арзиши муқаддас дорад, зеро дар ин ҷанг зиёда аз сад ҳазор нафар ҳалок гардид, наздики як миллион нафар гуреза шуд, зиёда аз ҳафтод фисади иқтисоди кишвар касод гардид, ҳокимият ҳамчун ниҳоди марказӣ эътибори худро аз даст дод, вале ҳеҷ гурӯҳеро майли гузашт ва созиш ба вуҷуд наомад. Чун ҳамаи ин аз даст рафт ва марҳилаи «ҳастӣ» ва «нестӣ»-и миллат фаро расид, ҳукумат тавонист бо истифода аз дипломатияи хеш мухолифинро ба хотири наҷоти миллат ба гирди мизи музокирот шинонад.
    Мо тоҷикон дар дарси ваҳдат беҳтарин таълимро ба оламиён пешниҳод намудем, вале ҳодисаҳои ихтилофҷӯёнае, ки баъди бадастории ваҳдати миллӣ пайваста оромиро дар ин ва ё он гӯшаи кишвар халалдор менамуданд, нишон медиҳанд, ки ҳарчанд дар ваҳдат ва созиш беҳтарин устодем, вале иддае аз инсонҳо дар ин дарси созиш ва баҳамоӣ ҳанӯз ҳам шогирдони гумроҳанд. Албатта, ин гумроҳӣ хоси як қишри муайяни кишвар аст, ки он метавонад ду сабаби асосӣ дошта бошад, ё онҳо роҳи дурустеро ҳанӯз дар ҷамъият пайдо накардаанд  ва ё роҳеро таҳти панҷаи ишорати душманони миллат пеш мегиранд  ва манфиати гурӯҳиро аз манфиати умумимиллӣ боло мегузоранд.
    Сулҳу ваҳдат рӯзи охири аз даст доданҳо ва рӯзи  нахустини ба даст оварданҳост. Чӣ чизро ба даст меорем?- чизеро, ки аз даст додаем. Сулҳ ба миллати тоҷик имкон дод, то ҳамаи аздастрафтаҳоеро, ки дар натиҷаи ҷанги бунёдсӯз аз даст дода буд, бо мурури замон  ба даст орад ва ноободшудаҳоро обод намояд, вале муҳимтар аз ҳама на обод кардани майдонҳои хароби ҷанг аст, муҳим ободкунии майнаҳои хароб ва андешаҳои нопок аст… Майдонҳо аз мина тоза шуданд, аммо дар майнаҳо ҳанӯз боқӣ мондаанд. Ҷангҷӯён хомӯш шуданд, вале фитнаҷӯён ором намегиранд. Миллате, ки ин қадар ҷафои ҷангро кашид  ва ин ҷанг бояд устодаш мекард, ҳанӯз ҳам баъзе афроди он шогирдони гумроҳ ва бехабар аз дарси ватандорианд. Ҳанӯз нафаре фурсати муносиби аз касе интиқом гирифтанро дар ҷанги такрории солҳои пеш мебинад. Гӯё майдони ҷанг барояш чун майдони қиёмат, фурсати аз якдигар «интиқомситониҳо» бошад.  Магар нафаре, ки чунин шароитро барои қасос гирифтан интизорӣ мекашад, вақт ва ё ақаллан мароқи оид ба сулҳ фикр карданро дорад?! Инҳо нафароне ҳастанд, ки дар давраи сулҳ ба ҷанг ва дар ин муҳити ором ба нооромӣ тайёрӣ мебинанд. Аз ин рӯ, як қатра оби даврони сулҳу ваҳдат барояшон ҳаром аст. Тибқи мақоле инҳо: «нони Худо мехӯранду хизмати шайтон мекунанд». 
Хоинон мантиқан на дар дохили давлатанд ва на дар беруни он, зеро бо тан дар дохиланд, вале бо тафаккур дар берун қарор доранд — чун андешаи душманони хориҷии миллати тоҷикро дар мағзҳои хеш сайқал медиҳанд.
Агар мо аз лиҳози андешаи ватандорӣ ва ҳадафи давлатсозӣ ба  ду  қишрем, замоне расидааст, ки саҳми баробари худро дар пешравии давлат чун ду пое дар як тан ҳис бикунем, ки ҳар ду пой  барои ба пеш ҳаракат кардани бадан баробарсаҳманд. Агар не, ин давлат ва ин миллат монанди инсони якпояи асобадаст дар ҳар ҷода афтону дар ҳар соҳа хоҳ иқтисод бошад ва ҳоҳ маданият, ақибмона хоҳад гашт. Худ қазоват бояд кард, ки ду по дар як тан аст, яке пеш майл мекунад ва дигаре ақиб. Суол! Тан ба куҷо меравад? Ба ҳеҷ куҷо, дар як нуқта беҳаракат боқист. 
    Ошӯби сентябр, ки як «туҳфаи ғаричашмдоште» дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ гардид, моро водор месозад, ки ба чандин савол ҷавоб ҷӯем:
    Чаро мудофион бар зидди мудофиа мебароянд? Чаро мо ҳанӯз ваҳдати миллиро як раванди ҳалношудае вонамуд месозем? Чаро мо наметавонем ҳадафҳои муғризонаи ихтилофҷӯёнро  ҳадди ақал як рӯз пеш дарк намоем? Чаро худ ба миллати худ хиёнат менамоем? Ва ё киро чӣ расидааст ва ба кӣ чӣ намерасад?
    Иқдоми Ҳоҷӣ Ҳалим барои ҷомеаи кишвар як муаммоеро аз худ боқӣ гузошт. Аммо тавре аз маводе таҳти унвони «Паёми аввалини генерал Ҳоҷӣ Абдуҳалим», ки  дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, бармеояд «…ҳамагӣ чанд соат пеш аз ин ҳодиса ӯро сарчашмаҳояш дар мақомот огоҳ менамоянд, ки имшаб ӯ ва чанде аз собиқ фармондеҳони ИНОТ ҳабс мешаванд, ки бояд омода бошанд. …сипас тасмим гирифтанд, аз он ки ҳабс ё таҳқиромез кушта шаванд, дар набард ва мубориза ба шаҳодат бирасанд, авлотар аст».
Аммо аз баёнияи Ҳоҷӣ Ҳалим суоле пайдо мешавад, ки ин гурӯҳ бар зидди кӣ мехост биҷангад ва ё шаҳидии онҳо ба кадом навъи шаҳодат (шаҳиди роҳи Худо, шаҳиди роҳи озодӣ) дохил мешавад???  
Табиист, ки нафаре, ки бар зидди ӯ меҷангад, фарзанди модаре, бародари бародаре ва аз ҳама муҳимаш тоҷике аз Тоҷикистон аст, на дастаи ғоратгари аҷнабӣ. 
Мавриде, ки касро ба андешаи тӯлонӣ водор месозад, ин аст, ки садри мудофиаи кишвар, оне, ки дар ҳолати ҷангӣ пешвои фарзандони мудофеи ватан ва устоди дарси ватандорӣ бояд бошад, «фалсафаи мардона ҳалок гардидан»-ро худ дуруст дарк нанамудааст…
Нуктаи аз ҳама маълум он аст, ки иштирокдорони ин ошӯб қурбонии ФИРЕБИ БУЗУРГ гардидаанд.
Бояд гуфт, ки созиш наметавонад бе гузашт ба амал ояд. Ба хотири манфиатҳои умумӣ лозим меояд, ки аз баҳри ҳазорон манфиатҳои фардӣ даргузашт. Ваҳдати миллии тоҷикон низ дар пояи ҳамин гузаштҳо сурат гирифтааст. Онҳое, ки мебоист ҳукми ҳабси абад мегирифтанд,  курсӣ гирифтанд ва онҳое, ки аз пайроҳаи роҳбарӣ гузар накарда буданд, роҳбари ин ё он ниҳоди давлатӣ таъйин шуданд. Хуллас, Ваҳдати миллӣ — фарзанди гузашти бузурги тоҷикон буд.
Ҳарчанд гузашти ҷонибҳо, омили мусбати ваҳдатофар гашт, вале гузашти вақт собит намуд, ки ҷузъе аз ин гузаштҳо омили ҷиддии ваҳдаткушанд. Яке аз ин гузаштҳо воридсозии  размандагони ИНОТ ба мақомоти қудратии кишвар буд, ки ашхоси тасодуфиро дар ин ниҳод зиёд намуд.
Бояд мақомоти қудратӣ дарк намоянд, ки дар мақомоти мазкур қудрат мақоми дуввумдараҷаро соҳиб аст ва муҳимтар аз ҳама ақли пешбин ва тафаккури дурбинона лозим аст. Доштани шаҳодатномаи ҳарбӣ набояд меъёри ягона барои қабул шудан ба кор дар ин ниҳодҳо бошад, дар акси ҳол эҳтимолияти зиёди афзоиши шумораи сабукфикроне, ки ба ҳама гуна хиёнат омодаанд, дар мақомоти қудратӣ боло хоҳад рафт.
    Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар асоси кӯшишҳои дохилӣ ва мусоидати давлатҳои хориҷӣ ба даст омадааст. Вале набояд фаромӯш намуд, ки ҳар гуна фаъолияте, ки бар зидди оромии кишвар равона  мешавад, низ наметавонад бе мусоидати давлатҳои хориҷӣ ва кӯшишҳои афроди муайян аз дохил сурат гирад. Стратегони беруна таваҷҷуҳи асосиро на ба шахсони қаторӣ, балки бештар ба афроди калидии ҳукумат равона месозанд. Ин тарзи амал — яъне «таваҷҷуҳ ба шахсони калидӣ» аз чанд дидгоҳ бартарияти худро соҳиб аст:
•    касе, ки вазифа дорад, тобеони худро дорад. Агар мафкураи роҳбар ба қиммати бузургтарин кӯшиш дуздида шавад, пас як қадам роҳи дигар то фиреби тобеон боқӣ хоҳад монд;
•    соҳибони вазифа соҳибони эътибор низ мебошанд, бахусус эътибор миёни наздикон ва авлодони худ. Бо истифода аз ин эътибор  онҳо метавонанд сафи худро барои амалӣ намудани дилхоҳ иқдом зиёд намоянд;
•    нафаре, ки соҳиби мансаб аст, ҳатман дар талоши гирифтани мансаби аз он болотар мебошад. Барои ин ҳадафаш ӯ ба ёрӣ, пеш аз ҳама ёрии моддӣ ниёз дорад. Аз ин рӯ, омодааст барои мансаби мувофиқ аз ҳама сарчашмаҳо истифода намояд. Дар чунин марҳила ба кумаки аввалин хориҷиҳои дар каминбуда мешитобанд. 
Ҳарчанд яке аз принсипҳои низоми демократӣ мавҷудияти бисёрҳизбӣ дар ҷомеа аст, вале муҳити шарқиёна анъанаҳои хоси давлатдории худро дорад ва  дар шароити кунунии кишвар нақши сарвари сиёсӣ дар баробари ҳама гуна ҳизбият ва ҳизбгароӣ арзишмандтар аст. Ҷомеаҳои ғарбӣ дар аксар маврид бо таблиғи бесарҳади арзишҳои демократӣ ба чашми аҳолии кишварҳои наврушд хок мепошанд. Аз камтарин норасоӣ дар муҳити кишвар ҳамчун ҳомиёни демократия овоз баланд мекунанд ва таъни низом мезананд. Масалан, давлатдории Тоҷикистонро наметавон бо Амрико муқоиса намуд, зеро ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон  ҳамагӣ 24 сол пур мешавад ва  умри истиқлолияти Амрико  ба 240 сол мерасад. Бузургтарин давлатҳоро пешвоёни сиёсӣ ташкил ва идора намудаанд. Ҳатто имрӯз низ дар демократитарин давлатҳо ба шахсиятҳо бартарӣ дода мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари шарқӣ ба пешвои сиёсӣ ниёзи бисёр дорад. 
Пас мо бояд дар андешаи баҳамоии сартосарӣ бошем, зеро маҳз андешаи ягона ва муттаҳидӣ дар атрофи сарвароне, чун Маҳатма Гандӣ (Ҳиндустон), Махатхир Муҳаммад, (Малайзия), Дэн Сяопин (ҶМЧ) ба онҳо имкон дод, ки дар як давраи бӯҳрони ҷиддии сиёсиву иқтисодӣ ба сифати мағзи  асосии рушд ва воситаи эҳёи тафаккури нав баромад намуда, ба кишвари худ пешрафти беназирро эҳдо намоянд. Ин таҷриба бояд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикистониён ҳамчун намунаи олии кишвардорӣ истифода гардад.

Корманди Маркази тадқиқоти 
стратегии назди Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Абдуҷабборов М.А.

1 ш

Сентябрь 25, 2015 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад