Маркази иттилоотии СММ: Президенти Тоҷикистон даъват кард, ки мамлакатҳои минтақаҳои баландкӯҳ дастгирӣ шаванд

Сентябрь 27, 2015 17:05

Душанбе, 27.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Возеҳ аст, ки роҳи оғозкардаи мо ба сӯи рушди устувор ҳамвору осон нест. Аз ин рӯ, мо бояд азми дастаҷамъонаи худро нигоҳ дорем ва ба кишварҳое, ки бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд, дасти ёрӣ дароз намоем». Ин нуктаро Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти СММ дар сатҳи олӣ ҷиҳати тасдиқи Рӯзномаи рушд барои давраи баъди соли 2015 изҳор дошт. 
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд, ки аз ин рӯ, мо бояд азми дастаҷамъонаи худро нигоҳ дорем ва ба кишварҳое, ки бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд, дасти ёрӣ дароз намоем. Зимнан, дар ёд бояд дошт, ки баъзе кишварҳои рӯ ба инкишоф татбиқи барномаи амалро барои рушди устувор дар вазъи хеле номусоид оғоз менамоянд. Биноан зарурати дастгирӣ намудани кишварҳои дар вазъияти махсус қарордошта, аз ҷумла мамлакатҳои рӯ ба инкишофи дар минтақаҳои баландкӯҳ ва душворгузар воқеъгашта, инчунин кишварҳое, ки ба баҳр роҳи баромад надоранд, боқӣ мемонад
«Мо ба наздикӣ ба татбиқи Рӯзномаи нав оғоз мекунем ва он дар шароити афзоиш пайдо кардани натиҷаҳои манфии таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил, низоъҳои мусаллаҳона, бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, таназзули захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда сурат хоҳад гирифт, ки онҳо ба амнияту суботи ҷаҳон хатар эҷод намуда, метавонанд монеаи расидан ба рушди устувор гарданд», — баён дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар гуфт, ки ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи нави миллии рушди кишварро барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди миллиро барои солҳои 2016-2020 таҳия карда истодааст, ки дар онҳо илова ба самтҳои афзалиятноки рушди устувор вазифаҳои дар Ҳадафҳои Рушди Устувор муайянгардида ҳарчи зиёдтар ба назар гирифта хоҳанд шуд. Барномаи стратегии қолабии Созмони Милал ҷиҳати кумак ба рушди Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016 то 2020, ки ба наздикӣ ҳамоҳанг гардид, ба ин амр мусоидат хоҳад кард.
Ҳадафи асосии барномаву стратегияи таҳияшаванда баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар аз тариқи таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодист. Бо мақсади ҳаллу фасли муваффақонаи маҷмӯи масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологӣ дар чаҳорчӯбаи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 мо чунин ҳадафҳои стратегиро мисли таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ муайян намудем, ки бе татбиқи онҳо ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор душвор аст.
«Дар навбати худ барои иҷрои ин ҳадафҳо татбиқи барномаҳои марбута дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ зарур аст. Дар ин раванд барои мо афзоиши самараи истифодаи сарватҳои миллӣ ва сармояи инсонӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, тақвияти рушди сохтории кишвар, таҳкими табақаи миёнаҳол ва инчунин, рушди мутавозини ҳамаи манотиқи мамлакат самтҳои афзалиятнок маҳсуб мешаванд», — тазаккур дод Сарвари давлати Тоҷикистон  ва илова намуд: «Барои бомуваффақият иҷро намудани ин вазифаҳо сафарбар намудани воситаҳои молиявии зарурӣ лозим аст, ки дар шароити таҳаввулоти зудтағйири муносибатҳои байналмилалӣ ва сар задани бӯҳронҳои нав ба нав дар манотиқи мухталифи дунё кори мушкилест»,-гуфт дар хотима Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

 

Сентябрь 27, 2015 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст