Мароҷиати устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

Сентябрь 12, 2015 04:18

 Душанбе, 11.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 27-уми июни соли 1997 бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ба лутфу карами илоҳӣ, санади сарнавиштсоз — Созишномаи истиқрори сулҳ имзо шуда, Тоҷикистони азиз аз вартаи ҳалокату нобудӣ наҷот ёфт. Ин санад фарзандони як марзу бумро, ки мубталои даргириву фитнаҳои душманони хориҷиву дохилӣ шуда, хуни якдигарро рехтанд, аз хоби ғафлат ва ҷаҳолату ваҳшоният бедор кард.  Аммо бо гузашти ҳаждаҳ сол, афроде пайдо шуданд, ки мехостанд ба ин неъмати бебаҳои илоҳӣ — сулҳу субот ва оромиву осоиштагии Тоҷикистон латма ворид намуда, авзои осударо бо кирдорҳои ҷиноятии худ ноором созанд. 
Ин хиёнати нангину фоҷиабори гурӯҳи ҷиноятпешаи Абдуҳалим Назарзода дар рӯзҳое рӯй дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба таҷлили  24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ — ҷашни аз ҳама муҳим ва азизтарини кишвар омодагӣ дошт. Мардум аз пайи кору бори рӯзгор, мактабиён ба муассисаҳои таҳсилотӣ, донишҷӯён ба макотиби олӣ ва намозгузорон ба масоҷид мерафтанд. 
Яъне зиндагии мардум, ҳамон тавре, ки 18-20 сол қабл сулҳу субот ва амну осудагиро орзў мекарданд ва тўли ин солҳо ба зиндагии шарафмандонаи осоишта ва шоиставу бунёдкорона одат карда буданд, ҷараён дошт ва дар тасаввури касе ҳам намеғунҷид, ки чунин як амали зиддимардумӣ аз ҷониби шахсияте сар мезанад, ки давлату ҳукумат иҷрои яке аз вазифаҳои масъулиятнок — муовинии вазири мудофиаро ба ў бовар кардааст. Ин кирдори  Абдуҳалим Назарзода ҳамон байти машҳури Саъдии бузургворро ба хотир меорад, ки чунин аст: 
Неши ақраб на аз барои кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст…
Худованди меҳрбон дар Каломи муқаддасаш — Қуръони карим фармудааст: «Ҳамоно, Худо ба инсофу накўкорӣ ва ато кардан ба хешовандон амр мекунад ва аз беҳаёиву кори нописандида ва зулму ғоратгарӣ  манъ мекунад;  шуморо панд медиҳад, то бувад ки шумо пандпазир шавед» (сураи «Наҳл», ояти 90).
Ва дар ҳадиси шариф бошад, чунин омадааст: Аз Абўҳурайра (рз) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) гуфт: «Мусулмон бародари мусулмон аст, ўро хиёнат накунад, ўро таҳқир накунад. Худотарсӣ дар дил аст. Ҳуқуқи ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст: хуни ў, моли ў ва шарафу номуси ў» (Ривояти Имом Муслим). 
Илова бар ин, оини муқаддаси Ислом касонеро, ки ба қатлу куштор даст мезананд ва ба халқу ватани худ ва он ҷамъияте, ки якҷо бо онҳо зиндагӣ мекунад, хиёнат карда, нияти бад ва ғаразҳои нопок доранд, маҳкум намуда, чунин мефармояд: «Ва ҳар ки мўъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ў дўзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо бар ў хашм гирифтааст ва ўро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ў омода сохтааст» (Қуръон, сураи «Нисо», ояти 93).
Ҳамчунин шариати Ислом қасди куштани бародари мусулмонро низ ҳаром дониста аст. Чунончӣ Расули акрам (с) дар ҳадиси шариф гуфтааст: «Агар ду мусулмон бо шамшерҳояшон рў ба рў шаванд, ҳам қотил ва ҳам мақтул сазовори оташи дўзаханд». Саҳобагон гуфтанд: «Эй Пайғомбари Худо, ин ки кушанда аст (сазовори рафтан ба дўзах мегардад), пас, чаро (ҳоли) кушташуда низ чунин бошад?» Гуфт: «Зеро ў низ бар куштани бародари мусулмони худ ҳарис буд» (Ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим).
Ба ҳамагон маълум аст, ки Худованд заррае ба инсон зулмро раво намебинад ва Ислом як дини сулҳпарвару башардўстӣ ва бародариву таҳаммулпазирӣ буда, қатлу куштор, адовату душманӣ, зулму ғоратгариро қатъиян маҳкум менамояд ва аз ин лиҳоз, пайравони хешро ба дўстиву бародарӣ, адолату росткорӣ, ватандўстию ободкорӣ, сулҳу ваҳдат, иффату покдоманӣ ва эҳтироми риояи ҳуқуқи ҳамдигарӣ тавсия ва ҳидоят мекунад. 
Худованди таоло аз  зулму фасодкорӣ моро дар замин манъ намуда, қатл намудани як фардро ба қатл намудани ҳамаи мардумон баробар дониста, дар муқобили ин, касеро, ки сабаби наҷот ва ҳаёт бахшидани як фард гардад, баробар ба ҳаёт бахшидани ҳамаи мардумон донистааст: «Ҳар кӣ касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас, чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад ва ҳар кӣ сабаби зиндагонии касе шавад, пас, чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад» (Қурон, сураи «Моида», ояти 32).
Дар фарҳанги исломӣ сангинтарин ва вазнинтарин гӯноҳ қатли мусулмон ба шумор меравад. Дар ин маврид Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Қасам ба Зоте, ки ҷони ман ба дасти ўст, ҳамоно гуноҳи қатли як фарди мусулмон аз гуноҳи аз байн бурдани дунё вазнинтар аст» (Сунани Насоӣ).
Дар аҳодисе  дигар аз Расулуллоҳ (с) чунин омадааст: «Дашном додани мусулмон фисқ ва ҷангидан бо ў куфр аст» (Ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим).
Нахустин чизе, ки Луқмони Ҳаким дар Қуръон бар он ишорат мекунад, адаби ташаккур аз Худованд аст, яъне ҳамон адаб тақозо мекунад, ки махлуқ дар баробари неъматҳои офариниш ва дигар неъматҳои илоҳӣ сари таъзим фурӯд ораду аз Парвардгори хеш сипосгузорӣ намояд (Қуръон, сураи «Луқмон», ояти 12).
Албатта, неъмати амну осоиштагӣ аз бузургтарин неъматҳои Худовандист, ки он бар миллати мусалмони тоҷик ҳадя шудааст ва мо — ҳамагӣ бояд аз он шукргузор бошем. 
Имом Табарӣ мегўяд: «Худованд дар ҳоле неъматеро аз қавме мегирад, ки ба қадри он нарасанд ва ба ҷони ҳам афтида, ба якдигар зулму ситам ва душманиро раво бинанд».
Имрўз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили мавҷуда, таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеаи мо дастгирӣ мешавад ва миллати оқилу хирадманд ва ҳамватанони азизи мо омодаанд, ки дар ҳама ҳолат баҳри тинҷиву оромии  кишвари азизамон ба Ҳукумати кишвар кўмак ва мусоидат намоянд
 Устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

 

Сентябрь 12, 2015 04:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад