Маросими савгандёдкунӣ дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ

Сентябрь 1, 2015 11:57

Душанбе, 01.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии қасамёдкунии курсантони бахши якум баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи мудофиа ва ҳуқуқии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ  Шараф Файзуллоев , муовини аввали Раис — Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ   Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ ҶТ  Сафаралӣ Назиров ва сардори гурӯҳи мушовирони хадамоти сарҳадии Федератсия Русия дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ Монастирский Павел Сергеевич иштирок намуданд. 
Дар назди ҳозирин роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳади, меҳмонон, падару модарон ва худи курсантҳо сухан гуфта, ба онҳо бахту иқбол ва дар таҳсили ояндаашон муваффақият орзу намуданд. 
Дар хотима курсантҳо дар назди роҳбарият бо марши тантанавӣ гузаштанд.
Ёдрас мешавем, ки дар Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, омода ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос диққати махсус дода мешавад. Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ — яке аз муассисаҳои таълимии ҳарбие мебошад, ки дар тӯли фаъолияташ садҳо нафар мутаххассиони баландихтисосро омода намудааст.

Сентябрь 1, 2015 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид