Машқҳои муштараки Нерӯҳои посдори сулҳи СААД дар Арманистон
Душанбе, 25.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Аз 30 сентябр то 4 октябри соли равон дар машқгоҳи «Баграмян» — и Ҷумҳурии Арманистон машқҳои муштараки Нерӯҳои посдори сулҳи СААД таҳти унвони «Бародарии безавол — 2015» баргузор мешавад. Мавзӯи машқҳо «Омодагӣ ва роҳандозии амалиёт барои ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби қувваҳои дастаҷамъии посдорони сулҳи СААД» мебошад.
Тавре ки аз дафтари матбуоти СААД хабар доданд, дар машқҳо намояндагон ва воҳидҳои қувваҳои мусаллаҳ, пулис (милиса) — и Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон. Ҷумҳурии Кирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати Қувваҳои дастаҷамъии посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомиланд, намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Ситоди муттаҳида ва Котиботи СААД иштирок менамоянд.
Мақсади асосии машқҳои «Бародарии безавол — 2015» таҳкиму густариши ҳамфикрию ҳамкории байни қувваҳои посдори сулҳи давлатҳои узви СААД мебошад.
Моҳи августи соли 2014 дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон чунин машқҳо рӯи кор оварда шда буданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






