Машқҳои «Раъд-2015» анҷом ёфтанд
Душанбе, 05.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Тавре иттилоъ дода будем, 27-уми август бо иштироки ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идора ва хадамоти зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои СААД — Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон марҳалаи аввали машқҳои махсуси тактикӣ таҳти номи шартии «Раъд-2015» баргузор шуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои таъиноти махсус ҳангоми мусодираи маводи нашъадор, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда, инчунин ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти идоракунӣ зимни чорабиниҳои муштарак амалӣ карда шуд.
Рафти машқҳоро роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Котиботи СААД, намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, сафирон ва атташеҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон сукунат доранд, мушоҳида намуданд.
Зимни машқҳои тактикӣ дастаҳо намудҳои гуногуни техникаи ҷангӣ, аз ҷумла ошкор ва ҳуҷум намудан ба тарёкхонаҳо, мусодираи маводи нашъадор, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, зада гардондани ҳуҷуми душман ба объектҳои мақомот, дастгир намудани ҷинояткороне, ки тавассути автомашинаҳо сарҳадро убур мекунанд, инчунин чорабиниҳои махсусро оид ба кофтуков, безараргардонии гуруҳҳои ҷиноятпеша ва озод намудани гаравгонон намоиш доданд.
Марҳилаи дуюми машқҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон гузашт. Дар марҳилаи дуюм дастаҳо ҳаракатҳои кофтуковиро дар хатсайрҳои қочоқи маводи нашъаовар, муҳосира намудани ҷойҳои муваққатии нигаҳдории маводи нашъаовар ва забт кардани он, азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳои эҳтимолии қочоқи маводи нашъаовар тамрин намуданд. 4 гурӯҳи омехташудаи таъиноти махсус ва 2 дидбонгоҳҳои сайёр барои азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт ташкил шуданд.
3-юми сентябри соли равон дар дидбонгоҳи «Момирак» маросими пӯшидашавии машқҳои тактикии махсуси «Раъд-2015» сурат гирифт. Дар маросими пӯшидашавӣ қайд карда шуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо ба ҳалли вазифаҳои амалӣ оид ба такмил додани механизми ҳамкории зиддимухаддиротӣ мусоидат менамояд. Дар хотима ба иштирокдорони машқҳо медалҳо, ифтихорнома, раҳматнома, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






