Мавлавӣ Абдураҳим: Хиёнати навбатии ҲНИТ дар симои Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслакони ӯ
Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хиёнат ба Ватан ва хунрезиҳои дастаи ҷинояткоронаи Ҳоҷӣ Ҳалим, эшони Ҷунайдулло, мулло Умар ва ҳаммаслаконашон, собиқ размандагони ҲНИТ дар арафаи иди Истиқлолияти давлатии кишварамон гуноҳест азим ва ҷурмест нобахшиданӣ.
Банда Мавлавӣ Абдураҳим Карим, собиқ муассиси асосии ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб мебошам ва айни замон мударриси Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистонам. Амалҳои террористӣ, кирдорҳои ҷинояткорона ва ноҷавонмардонаи роҳбарон ва аъзои хиёнатпешаи ҲНИТ-ро маҳкум мекунам.
Борҳо аз тариқи оинаи нилгун, рӯзномаву маҷалла ва шабакаҳои иҷтимоии интернет оид ба хатари бузург ва оқибатҳои миллаткуши ҲНИТ ҳамагонро ҳушдор дода будам, зеро онҳоро аз наздик мешинохтам ва хуб медонистам, ки ҲНИТ ва пайравони гумроҳи он сарчашмаи ҷанг ва хушунат мебошанд. Дини мубини ислом дар ягон давру замон ба ҳизбу ҳаракат ниёз надошт ва надорад.
Дар нахустин рӯзҳои таъсиси ҲНИТ ошкор шуд, ки маҳалбозӣ ва гурӯҳбозии саркардагони ин ҳизб ба ҷуз тафриқаандозӣ, талоши мансабу мақом ва ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ чизи дигаре нест. Аз рӯзҳои аввал дар худ дарк кардам, ки дигар сухани Худо: «Иннамал муъминуна ихва» ба гӯши кари пешвоёни ҲНИТ намерасид, балки онҳо дар талоши ба даст овардани манбаҳои пулӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ буданд, то ба мақсадҳои нопокашон бирасанд. Намояндаҳои ҲНИТ ба тамоми ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба кӯмаки хеш хонда буданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳбарияти он аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш саъю талош меварзиданд, ки Тоҷикистон обод шавад ва барои ин ҳамаи чораҳоро меандешиданд. ҲНИТ бошад, дар ниқоби ислом роҳбарияти кишварро дар симои Ҷаноби Олӣ сирф давлати бединӣ ҳукм намуданд.
Дар он давраҳо ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон идома дошт ва марказҳои ҷангии ҲНИТ дар минтақаҳои мухталифи давлати ҳамсояамон Афғонистон тибқи барномаҳои хоҷагонашон ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аз тарафи дафтардорӣ ва раёсати размандагии ҲНИТ гуруҳи махсуси таблиғотӣ таъсис дода шуда буд, ки онҳо дар байни муҳоҷирон, ки иҷборан дар натиҷаи ҷанги бародаркуш аз маҳали зисти худ берун гардида буданд, оид ба воҷиб будани ҷиҳод ва ҷанг дар Тоҷикистон ҷавонону ноболиғонро мағзшӯйӣ намуда, онҳоро барои худкафонӣ ва содир намудани амалҳои террористӣ истифода менамуданд, ки ин на ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, балки ақидаи хавориҷ ва такфириҳо мебошад.
Мисли ҲНИТ ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар ҷаҳон зиёданд, ки фаъолият мекунанд, аз ҷумла ҷамоати террористии «Ансоруллоҳ». Аммо кирдори Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслаконаш мардумро огоҳу бедор кард, ки ҲНИТ дар бераҳмиву ситезаҷӯӣ аз «Ансоруллоҳ» фарсахҳо пеш рафтааст.
Аз ягон кас пӯшида нест, ки Эшони Ҷунайдулло, Ҳоҷӣ Ҳалим, мулло Умар ва дигар ҳаммаслаконашон, ки дар дар дараи Ромит кушта шуданд, аз ҷумлаи ашхосе буданд, ки бевосита аз тарафи ҲНИТ роҳбарӣ карда мешуданд ва маҳз бо дастури саркардаи он Муҳиддин Кабирӣ ин амалашонро ба анҷом расониданӣ буданд, ки хушбахтона, тирашон хок хӯрд. Маҳз ҷоннисорӣ, содиқ будан ба ватану сарзамини аҷдодии кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар имкон надод, ки хоинони миллат дар симои ҲНИТ ба мақсаду маромашон бирасанд.
Аз ин пеш ҳам, аз давраи ҷангӣ бародаркуш сар карда, то ба имрӯз мебинем, ки дастаи ҷинояткоронаи Ризвон Содиров, Раҳимов Абдулло бо лақаби «Мулло Абдулло», Сангинов Раҳмон бо лақаби «Гитлер», Мансур Муаккалов бо лақаби «Шайх», Сафар Тағоев бо лақаби «Подабон», Сарабек ва Ҳоҷӣ Ҳалиму эшони Ҷунайдулло ҳама парвардаҳои ҲНИТ мебошанд ва касе инро инкор карда наметавонад.
Соли 1997 сулҳу оромӣ кишвари моро фаро гирифт ва нерӯҳои мухолиф тибқи санади ҳамдигарбахшӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ваъда доданд, ки дигар ҳаргиз даст ба ҷиноят ва хиёнат ба Ватан нахоҳанд зад. Ба ҲНИТ бори дигар Ҳукумат имконият дод, ки фаъолияти худро қонунан оғоз бахшад. Тибқи Ойиннома ҲНИТ мардумро бояд ба сабру таҳаммул, хайру саховат ва фаҳмондани аркони дини мубини ислом даъват менамуд. Аммо боре ҳам ин корро накард.
Тибқи созишнома нерӯҳои оппозитсионии тоҷик шомили ҷузъу томҳои ҳукуматӣ гашта, истифодаи вожаҳои «оппозитсия», «30-фоиза», «мухолифин» нисбат ба якдигар мамнӯъ гардид, то дарди ҷанги шаҳрвандӣ фаромӯш гашта, кинаву адоват аз дилу дидаҳо нест бигардад. Аммо дар асл ин тавр нашуд ва бо дастури махфии роҳбарияти ҲНИТ гурӯҳҳои ҷинояткори ин ҳизб дар ниқоби ислом даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнин зада, корашон гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, ситонидани пул ва қатлу куштори шахсони бегуноҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Баъди чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ, ҲНИТ худро бегуноҳ нишон дода, фаъолияташро идома медод ва вонамуд мекард, ки гӯё чизеро намедонад.
Маълум аст, ки бо ҷавонмардии бевоситаи сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти ҷомеа ва ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон намояндаҳои ҲНИТ-ро тибқи Созишномаи истиқрори сулҳ ба вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда таъин намуд. Ман ҳам аз ҷумлаи онҳое будам, ки вазифаи сардори Гумруки кишварро соҳиб гаштам, ҳарчанд маълумоти олӣ надоштам ва ин вазифа аз нигоҳи тахассусӣ лоиқи банда набуд. Ҳоҷӣ Ҳалим, мулло Умар ва эшони Ҷунайдулло аз ҳисоби квотаи 30-фоизаи ҲНИТ шомили Вазорати дифоъ гаштанд. Аммо ин носипосон то имрӯз нону намаки Ватан ва давлати Тоҷикистонро хӯрда, бо супориш ва дастурҳои хоҷагони дохилӣ ва хориҷии худ ба таври махфӣ дар пайи ба даст овардани мансабу молу сарват гаштанд. Дар зоҳир дӯст ва аммо дар ботин душман боқӣ монданд.
Ман баъди Оштии миллӣ ва Истиқрори сулҳ расман аз сафи ҲНИТ хориҷ гаштам. Зеро дарёфтам, ки дар дини мубини ислом ягон ҳизби исломӣ вуҷуд надорад ва ҲНИТ низ барои мусалмонони Тоҷикистон бегона аст. Роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва шарикони ӯ бо мақсадҳои нопок ғаразҳои сиёсии ташкилотҳои террористиро дар дохили кишвар ба тариқи пинҳонӣ дастгирӣ менамуданд.
Аз хатари ҲНИТ бо тариқи доимӣ ҷомеаро огоҳ месохтам ва ҳатто ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳониёни кишвар тавассути оинаи нилгун, ноҷавонмардии пешвоёни ҲНИТ-ро дар Афғонистон фош сохтам ва хоҳиш намудам, ки мардуми азизи Тоҷикистон ҳушёр бошанд, ки ҲНИТ боз ҷомеаи моро ба ҷанг мекашад ва ба қавле «дар зери бағалашон санг» гирифта мегарданд ва лаҳзаи муносибро интизор мебошанд, лекин фаромӯш кардаанд, мардуми тоҷик мардуми соли 1992 нест, сиёҳро аз сафед фарқ мекунад ва ба дасисаи дигарон дода намешаванд. Дар он лаҳзаҳо медидам, ки қисмате аз иштирокчиёни вохӯрӣ бо Ҷаноби Олӣ, махсусан руҳониён ба суханони ман, ки самимӣ аз қалбам садо медод, бовар надоштанд ва ҳатто мешунидам, ки аз пасам аксаран ба тарафи ман тамасхур мезананд, ки гӯё бар зидди дини мубини ислом мебошам, лекин мардуми мусалмони тоҷик намедонистанд, ки дини мубини ислом дигар аст, кирдорҳои нопоки ҲНИТ дигар. Бояд бигӯям, ки ҲНИТ аз аввал бо сармоягузории ташкилотҳои хориҷӣ ва дар асоси идеяи созмонҳои террористӣ ячейкаҳои ҷосусии худро дар қаламрави Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуд ва баъдан самти муборизаи худро тағйир дод. Хавориҷ ва такфириҳо тавассути ҲНИТ бо баҳонаи таблиғи «исломи ноб» ва ақидаи исломӣ, сиёсикунонии исломи суннатиро таблиғ менамоянд. ҲНИТ дар муддати фаъолияти худ ягон амали хайрро ба манфиати миллат ва ҷомеаи тоҷик анҷом надодааст. Пӯшида нест, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва эшони Ҷунайдулло вориди ниҳодҳои қудратӣ шуда, бо дастури Муҳиддин Кабирӣ ва дигар роҳбарони ҲНИТ фаъолият менамуданд. Ба ибораи дигар, ячейкаи ҲНИТ дар дохили Вазорати дифоъ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба таври пӯшида то имрӯз фаъолият менамуданд, ки борҳо ман дар навиштаҳоям дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мегуфтам ва таъкид ҳам мекардам, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ҲНИТ гирифта шавад ва фаъолияташ ҳарчи зудтар баста шавад.
Исён ва хиёнати ҳоҷӣ Ҳалим, эшони Ҷунайдулло ва ҳамроҳонаш боиси он гашт, ки даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ кушта ва захмӣ гардиданд. Ин зархаридон қасами низомӣ, аҳдномаи Созишнома ва истиқрори сулҳро пеши по заданд, чунки мақсаду маромашон дигар буд. Ба аҳду паймони худ хиёнат намуданд. Барои ин ҷинояткорони ҲНИТ ору номуси миллӣ ва ватандорӣ бегона аст. Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор намуда ва аз онҷо амалиёти зидди ҳукуматиро тавассути Ҳоҷӣ Ҳалим ва эшони Ҷунайдулло амалӣ сохтанӣ буд.
Мо шоҳиди он гаштем, ки бисёре аз роҳбарони ячейкаҳои ҲНИТ ба таври ихтиёрӣ аз сафи ҲНИТ хориҷ гаштанд ва тақозои онро намуданд, ки фаъолияти ҲНИТ расман қатъ карда шавад. Вақти он фаро расидааст, ки шахсони гунаҳкор ва аъзои ҲНИТ, ки дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалим ва гуруҳи террористии он шариканд, ошкор карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бигзор Муҳиддин Кабирӣ ва шарикони ӯ дар назди қонунгузории кишвар посух бигӯянд.
Роҳбарони ҲНИТ баъди шикасти Ҳоҷӣ Ҳалим ва несту нобуд карда шудани гурӯҳи террористии он, рӯ ба фирор оварданд. Аммо ба фикри банда, дигар ҷойи фирор барои ҲНИТ боқӣ намондааст.
Бояд қайд намоям, ки вақте ба сари мазҳаби мардуми тоҷик, мазҳаби Абуҳанифа санги маломат мезаданд, ҲНИТ хомӯширо ихтиёр мекард ва боре ҳам вокуниш нишон намедод. Ин маънои онро дошт, ки аллакай аъзоёнаш мазҳабашонро фурӯхтаанд. Магар ҲНИТ наметавонист оид ба ин раванд ба мардум бифаҳмонад, ки ин ҳама дасти хоҷагони хориҷӣ мебошад? Метавонист, вале накард ва вазифаҳои оийнномавии онҳо дар рӯи қоғаз монд, зеро мақсаду маромашон, чи хеле ки дар боло қайд кардам, тамоман дигар аст.
Бояд қайд намоям, ки хиёнати полковник Гулмурод Ҳалимов назди ҷинояти содирнамудаи Ҳоҷӣ Ҳалим шаммае аз рӯзгори мунофиқони мусалмонкуш ва носипосони фурӯхташудаи ташкилотҳои террористӣ мебошад.
Мардум чеҳраи аслии хиёнаткоронаи ҲНИТ-ро дар рафтору кирдорҳои дастаи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим мушоҳида намуда, ба ҲНИТ нафрат мегӯяд. Ҳайфи онҳо, ки дини мубини исломро бадном сохта, хиёнат ба зану фарзанд, Ватану миллат карданд.
Боқимонда қазоват ба Шумост, хонандаи азиз!
Мавлавӣ Абдураҳими Карим, мударриси Донишкадаи Исломӣ
Манбаъ: faraj.tj