Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ паст карда шуд
Душанбе, 11.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ ҷиҳати дастгирии соҳаҳои воқеии иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, барои пасандозҳо бо пули миллӣ 0,5 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст намудааст.
Тибқи қарори мазкур меъёри захираҳои ҳатмӣ танҳо ба ташкилотҳои қарзие паст карда мешавад, ки меъёрҳои мақбули муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистонро риоя менамоянд.
Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадор карда шудаанд, ки маблағҳои аз ҳисоби паст шудани захираҳои ҳатмӣ бадастомадаро ҳамчун қарз ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар пешниҳод намоянд.
Мутобиқи Қарори номбурда тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар низоми бонкӣ вобаста ба захираҳои ҳатмӣ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ тибқи санади мазкур амалӣ карда мешаванд.
Бо қарори дигари раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии кишвар фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, ба андозаи 1,17 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 17,5 фоизи солона муқаррар гардидаст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






