Мо тоҷикон фаромӯш накардаем он ҷанги бародаркушро
Муроҷиати тоҷикони Қирғизистон ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хабарҳои нохуш, ки аз Тоҷикистон ба гӯш мерасанд, тамоми тоҷикони бурунмарзиро низ ба изтироб оварда ва онҳо бо изҳори назар ин иқдоми ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои фурсатталабро шадидан маҳкум менамоянд. Аз ҷумла, тоҷиктаборони Қирғизистон ва донишҷӯёни тоҷики кишвари иқомат дар ҷамъомадҳои худ, дар шаҳри Бишкек, Ош, Боткен ва дигар минтақаҳои он ба ин ҳодисаҳо баҳои амалӣ дода, таъкид намуданд, ки иқдоми душманони сулҳу субот ва ваҳдати Тоҷикистон маҳкум ба шикаст мебошад. Сайидазим Пӯлодӣ — узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва собиқадори меҳнат аз деҳшӯрои Учқӯрғони вилояти Боткен изҳор намуд, ки Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи тоҷикон аст ва бинобар ин ӯ ва дигар фаъолони созмони тоҷикон бо маҳкум намудани ин иқдоми нотавонбинони сулҳи Тоҷикистон аз масъулини Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва дигар аъзои он талаб доранд, ки ба ҷои муташанниҷ намудани вазъияти дохилии кишвар гирди ҳам омада, бо пеш гирифтани ақли солим дар роҳи шукуфоии миллат ва мамлакат саҳм бигиранд. “Мо тоҷикон фаромуш накардаем он ҷангӣ бародаркуширо, ки бо хоҳиши як гурӯҳ хоинон ва душманони халқи тоҷик, ки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ ёфта буданд, ба вуқуъ омад ва танҳо аз баракати хирадпешагии миллати шарифи тоҷик ва ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон, сарвари ҷонбакафи худ, Тоҷикистон тавонист ин ҷароҳатҳояшро шифо бахшад ва дубора худро дар қатори кишварҳои мутамаддини дунё қарор бидиҳад”. Назирҷон Тоиров – раиси маркази фарҳангии тоҷикони ноҳияи Лайлаки Қирғизистон низ зимни маҳкум намудани амали харобкоронаи собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон ва узви ҲНИТ Абдуҳалим Назарзода ва гурӯҳи ҷонибдоронаш лаънат хонда, таъкид намуд, ки давлати Тоҷикистон қодир аст ба зудтарин фурсат авзои кишварро комилан ба эътидол оварад. Роҳбарияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон нолозим будани ҲНИТ-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои Ватани маҳбубамон Тоҷикистон нооромӣ меорад, қайд намуданд. Тоҷикистон ватани бобоӣ, манзили умеди ҳамаи тоҷикони дунёст ва вазифаи ҳар кадоми мост, ки ин замини пурсаховату биҳишосоро аз ҳар гуна газанду балоҳо ҳифз намоем.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






