Мо варзишгарон ҳимоятгари Ватан ҳастем
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо кулли варзишгарони бонангу номуси кишвар рафтори аҳриманӣ ва нопоки Назарзода Абдуҳалим (Ҳоҷӣ Ҳалим) — ро дар дастдарозӣ ва хушунату бадбинӣ нисбати арзишҳои волои миллӣ ва муқаддасоти он сахт маҳкум намуда, барои ҳифзи Ваҳдату якдилии кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол омодагии амиқи фарзандонаи худро изҳор медорем.
Варзиш қосиди сулҳу дустӣ ва ваҳдати инсонҳо буда, ягона воситаи солиму беолиш ва поку қавиирода нигоҳ доштани оммаи васеи мардум ба шумор меравад.
Бақою пойдории давлат, зиндагии оромонаю осудаҳолонаи мо, хандаи беғаши тифлон, нерӯю тавони ҷавонон, давлати пирии солмандон — ҳама аз иродаи солиму созгор ва баракату шарофати Ваҳдати миллӣ аст.
Дар таърихи башарият рӯйдодҳои муҳим ва хотирмон ниҳоят зиёданд, вале айни замон дар таърихи инсоният воқеаҳое рух медиҳанд, ки камназиру бесобиқа мебошанд. Агар аз рӯи ҳақиқат нигарем ва мунсифонаю аз назари адолат баҳогузорӣ намоем, пас сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон бо вижагии худ бемислу ягона аст. Ин фақат ақидаи мо нест, балки коршиносони масоили сиёсии ҷаҳон бар ин ақидаанд, ки сулҳи тоҷикон падидаи дар таърих нодир маҳсуб меёбад ва ҳамтое надорад.
Вале муттаасифона нигоҳи куркурона ва ноҷавонмардонаи баъзе ашхоси нопок, ки нону намаки ин миллату давлатро хӯрда, дар намакдони модари худ туф мекунанд, ҳаргиз нобахшиданист. Зеро нон ҳам нон ҳасту нонреза ҳам нон!
Ҳамдиёрони азиз!
Набояд фаромуш сохт, ки тинҷиву оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барои мо ниҳоят гарон афтод, барои ҳамин қадру манзалати он аз доираи идроки мо ҳам бештару баландтар аст. Аз ин рӯ ҳеҷ кадоми мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ин сабақи талху ибратомези таърихро ба гӯшаи фаромӯшӣ супорем.
Мо варзишгарон хуб медонем, ки Ҳукумати кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ барои варзиши тоҷик чи гуна шароитро фароҳам овард. Сохта ба истифода дода шудани ҳудуди 4 ҳазор иншооти варзишӣ, таъмини иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, таъсиси ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, хизмати бесобиқаи Президенти мамлакат барои рушди варзиши тоҷик мебошад.
Ин дастовардҳо дар навбати худ, маҳсули тинҷиву амонӣ ва ваҳдати комил мебошанд, ки имрӯзҳо аксари падару модарон фарзандони худро ба тарбияи мактабҳои варзишӣ вогузор менамоянд.
Рафтори нопоку хиёнаткоронаи Абдуҳалим Назарзода ва дигар хоинони миллӣ бошад, бори дигар, чун зангўлаи таърих моро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват менамояд ва моро водор месозад, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва дар ин роҳ агар зарур ояд, ҷон фидо кунем.
Мо варзишгарон низ нисбати изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бетараф набуда, изҳор медорем, ки пайваста барои баланд бардоштани Парчами миллӣ ва садо додани Суруди миллӣ дар арсаи байналмилалӣ заҳмат мекашем ва Шуморо бовар мекунонем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо Роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як давлати ободу пешрафта ва озоду демократӣ мебинем, ки мояи ифтихори ҳар яки мо аст. Мо ин Ватанро дӯст медорем ва барои ҳифзу нигаҳбонии он ҳамеша дар сафи пеши созандагони Ватан қадамҳои устуворона мегузорем.
Зиндаву поянда бод, Ваҳдату якдилии миллати тоҷик ва бегазанд бод Истиқлолияти Тоҷикистони соҳибихтиёр…








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд






