Мошин ба ҷар афтида, ронандааш ҳалок шуд

Сентябрь 16, 2015 07:02

Душанбе, 16.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ноҳияи  Ховалинг бар  асари садамаи  нақлиёт як  ронандаи  ҷавон  ҳалок гардид.
Тавре  ки  маркази  матбуоти  ВКД ҷумҳурӣ  хабар  медиҳад, ронандаи  мошини «УАЗ — 469» сокини  30 — солаи   ноҳияи  Мӯъминобод ҳангоми  харакат дар  ҳудуди  шаҳраки Дашти калони ноҳияи  Ховалинг аз  ӯҳдаи  идораи  нақлиёт  набаромада,  мошин  ба  ҷари  70 — метра афтид. 
Бар  асари  ин  ҳодиса  ронанда ҷароҳатҳои  вазнин  бардошта,  дар  маҳалли  воқеа  ҳалок  шуд.

 

Сентябрь 16, 2015 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш