Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун

Сентябрь 27, 2015 22:18

Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шоми 27 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

«Мо ба рушди ҳамкорӣ бо Созмони Милал манфиатдорем ва хоҳони онем, ки робитаҳоямон дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд”, -қайд намуд дар оғоз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Пан Ги Мун ва тамоми муассисаҳои Созмони Милал барои дастгирии ҳамешагӣ ва ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масоили об, пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, ки дар қарорҳои марбутаи Маҷмаи умумӣ инъикос ёфтаанд  ва кумаку дастгириашон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Тоҷикистон изҳори ташаккур намуда,  бо қаноатмандӣ қайд намуд,  ки «Ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки Ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои Созмони Милал натиҷаҳои хуб дода, дар даҳсолаи охир ба коҳиши мунтазами сатҳи камбизоатӣ, ки ҳадафи рақами 1 аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст, боис шудааст. Инчунин Тоҷикистон ба таъмини пурраи таълими ҳамагонии ибтидоӣ ноил гашта, дар кишвар марги модар ду баробар коҳиш ёфт ва бемории вараҷа (малярия) комилан аз байн бурда шуд».

Пан Ги Мун ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташриф ба Ню-Йорк ва иштироки бевосита дар  Иҷлосияи 70– уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос карда, аз таассуроти амиқи худ аз сафараш ба Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин бинобар натиҷаҳои дилхоҳи  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, бори дигар табрику таҳният гуфта, аз татбиқи босамар ва ҷамъбасти натиҷаҳои 10 – солаи Амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, изҳори хушнудӣ намуд.

Ҷонибҳо доир ба аҳамияти рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии стратегӣ дар бахшҳои коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ табодули назар намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба тағйирёбии иқлим, зиёд шудани офатҳои табиӣ, бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, амният ва ҳифзи суботи минтақавӣ, низоъҳои ҳарбӣ дар як силсила кишварҳо ва минтақаҳои олам ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

Сентябрь 27, 2015 22:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад