Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Дабири Кулли СММ Ҳелен Кларк

Сентябрь 28, 2015 16:28

Душанбе, 28.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз 28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ, дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Муовини Дабири Кулл, маъмури Барномаи Рушди СММ Ҳелен Кларк мулоқоти судманд анҷом дод. 
     Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуд.
     «Мо аз сатҳи ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири дастёбӣ ба афзалиятҳои асосии стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи рушд қаноатмандем”, -изҳор дошт дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд,  ки “Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи тавсеаи имконот ва афзун гардонидани нерую захираҳои Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додааст ва мо аз ин хеле сипосгузор буда, ба дастгирии минбаъдаи ҳамаҷонибаи Барномаи рушд умед дорем».
    Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳелен Кларк барои иштирокаш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар давоми солҳои 2005-2015, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, бори дигар изҳори сипос намуд.
     Ҷонибҳо аз қабул гардидани ду санади басо муҳим  Барномаи қолабии СММ оид ба кумакрасонӣ ба хотири рушд барои солҳои 2016-2020 (ЮНДАФ) ва Барномаи кишварӣ барои солҳои 2016-2020, ки бо афзалиятҳои ҷорӣ ва стратегии Тоҷикистон ва ҳадафҳои Ҳукумати кишвар дар арсаи рушди устувор дар давраи 15 соли минбаъда мувофиқу созгоранд изҳори қаноатмандӣ карданд. 
     Мусоҳибон Нақши Барномаи рушд дар ҳалли  масъалаҳои наздисарҳадӣ ва минтақавие, ки ба ҳамкории иқтисодӣ ва таъмини амният иртибот доранд, хеле арзишманд арзёбӣ намуда, ба ҳайси намунаи рушди ҳамкории наздисарҳадӣ лоиҳаи «Ибтикори Тоҷикистону Афғонистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012” ва лоиҳаи сесола таҳти унвони «Беҳдошти некуаҳволии аҳолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон»-ро қобили зикри хоса маънидод карданд. 
      Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаҳои дигар барои коҳиш додани камбизоатӣ, бунёди инфрасохтори деҳот, рушди соҳибкорӣ ва савдои наздисарҳадӣ, омӯзиши касбӣ ва мусоидат ба таҳкими амнияту суботи минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Сентябрь 28, 2015 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад