Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо раиси Парлумони замини Ҳамбурги Олмон

Сентябрь 18, 2015 06:10

 Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Маликшо Неъматов дар доираи боздиди кории худ аз шаҳри озоду бандарии Ҳамбурги Олмон бо Президенти Парлумони замини Ҳамбург хонум Карола Вайт мулоқот намуд. Зимни мулоқот  Сафири Тоҷикистон рушди муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, хостори густариши робитаҳои  иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ бо шаҳри бандарии Ҳамбург гардид.  
Сафири Тоҷикистон худи ҳамон рӯз аз корхонаи васлгарии ширкати тайёрасозии AirBus дидан намуд. М. Неъматов зимни муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ таъкид намуд, ки ширкати Air Bus метавонад бо Тоҷикистон ҳамчун тавлидкунандаи ашёи хоми арзиз ва неруи барқ  ҳамкории мустақими тиҷоратиро ба роҳ монад. 
Дар доираи ин сафар Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти Шабакаи якуми телевизионии Олмон (NDR) шинос шуда, бо ҳайати эҷодии он мулоқот анҷом дод.
Ҳамзамон дар  меҳмонхонаи Атлантик Кемпински Ҳамбург бо ташаббуси консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбург Куруш Пуркиён ва иштироки доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии музофоти Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  

 

Сентябрь 18, 2015 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст