Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти Афғонистон
Душанбе, 05.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кобул дар чаҳорчӯби ширкат дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) мулоқоти вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбате, ки доир шуд, ҷонибҳо масъалаҳои умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла самтҳои тавсеаи равобит миёни ду кишвар дар соҳаҳои марбут ба сохтмони лоиҳаҳои роҳи оҳану автомобилгард, омӯзиши мутахассисони афғон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои ҳамкории сохторҳои дахлдори ду кишвар дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки дар соли 2012 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, мубодилаи афкор намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






