Муроҷиатномаи 3 ҳазор тоҷикони Москва ба мардуми Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2015 09:49

Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо 3 ҳазор нафар тоҷикон, ки дар Маркази савдои «Москва» кору зиндагӣ дорем, амалҳои хоинона ва разилонаи собиқ муовини вазири мудофиаи  Тоҷикистон ва ҳаммаслакони инро маҳкум намуда, хоҳони субот ва шукуфоии сартосарӣ дар кишвари азизамон-Тоҷикистон ҳастем. Мо, ки аз ин ҳодисаҳои нангини душманони миллати тоҷик тариқи васоити ахбори умум огоҳ шудем, хостори он ҳастем, ки ҷинояткорон мутобиқ ба қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазъи кунунии ҷаҳон ҳамаи моро водор месозад, ки ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва суботу оромии кишварро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба қадри ин неъматҳои бебаҳо бирасем. 
Имрӯз, ки ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ миёни сокинон, бахусус ҷавонон бо ғояҳои ифротӣ мардумро аз роҳ бероҳ кардан доранд, зарур аст, ки ҷавонони бонангу номуси тоҷик фирефтаи бофтаҳои эшон набошанду ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ва ғаразноки онҳо ба сари модару хоҳар ва падару бародари худ ҳодисаҳои нангин наоранд. 
Тавре аз изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, аксари ҳаммаслакони гурӯҳи террористии ҳоҷӣ Ҳалим аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистгон мебошанд. Тавре маълум аст, саркардагони  нооромиҳои солҳои 90 низ аъзои ҳамин ҳизб буданд, ки миллати тоҷик оқибати вазнину сангини онро дид. Ин миллат, хиёнати ин нобакоронро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Аз ин рӯ, қатъ кардани фаъолияти ҲНИТ аз тарафи мақомоти қудратии кишвар саривақтӣ  аст, зеро аъзои гумроҳу хиёнаткори ин ҳизб метавонанд дар оянда боиси ноооромӣ дар кишвари азизи мо гарданд.  
Бо назардошти ин, мо изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оғоз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба роҳбарону саркардагон ва аъзои гурӯҳи ғайриқонунии ҳоҷӣ Ҳалимро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. 
Боварии комил дорем, ки мардуми тоҷик, бахусус ҷавонони кишвар иқдомҳои созанда ва ғамхориҳои падаронаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро қадр карда, пуштибони сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматанд. 
Мо тоҷикони Маркази савдои «Москва» низ сиёсати давлат ва Пешвои миллатамонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, дар якҷоягӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ  ин ҳама кору  амали  ношоистаи гурӯҳҳои ҷиноятпешаро маҳкум менамоем ва аз мардуми хирадманди Тоҷикистон хоҳишмандем, ки барои несту нобуд сохтани амалҳои душманони миллати тоҷик якдилона мубориза баранд.

Тоштемиров Муҳаммад Рустамович,
Норов Шоҳин Абдулаевич,
Каримов Нурулло Абдулоевич,
Шоматов Иброим Абдураҳмонович,
Ярашов Уктамҷон Нуралиевич,
Сафаров Насим Олимович,
Рашидзода Саидҷон
Мараимов Сино Додоевич
Ҷамъ 3 ҳазор нафар тоҷикони ш. Москва
22.09.2015.

Сентябрь 22, 2015 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ