Муроҷиатномаи аъзои маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта вобаста ба амали хиёнаткоронаи Назарзода Абдуҳалим
Ҳамватанони азиз!
Мо, ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта бо шиносоӣ аз изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон амали хиёнаткоронаи Назарзода Абдуҳалимро қотеъона маҳкум намуда, бо шукргузорӣ аз ин диёр, пойдории сулҳу ваҳдат, шароити мусоид аз таҳсили пурмаҳсул дар хориҷи кишвар ва аз дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу шукргузорӣ менамоем.
Мо, ҷавонони тоҷик аз таҳсил дар дигар давлат ба хуби дарк менамоем, ки шаҳди озодиву ободӣ ва мустақилияту пойдории миллат чӣ қадар арзиши волою муқаддас аст. Маҳз ин имкониятро ба мо пешвои созгору дурандеш Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намуд, ки мо онро чун шири модар пос медорем ва ба фазилати бузурги хештаншиносии он арҷ мегузорем.
Танҳо бо муҳаббат, самимият ва ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ мекӯшем, ки баҳри таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии амиқи мардуми кишвар тамоми нерӯи худро истифода барем.
Мо, ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта марзу буми Ватани азизамонро муқаддас шуморида, онро сидқан дӯст медорем ва саҳми арзандаи худро дар бунёди ин давлати мутараққӣ хоҳем гузошт.
Аз падару модар, хешу ақрабо, ёру дўст ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон даъват мекунем, ки агар Шумо хушбахтии мо ва ояндаи дурахшони фарзандони ба ору номус ва соҳиби донишу маърифати баланд орзу доред ва муштоқи айёми пирии озоду осуда мебошед, пас барои ҳифзи сулҳу амнияти пойдор, ваҳдату ягонагии миллат ва соҳибихтиёриву рӯйсурхии фарзандон муттаҳид шуда, якҷоя нисбати Абдуҳалим Назарзода барин, хоинони миллат муборизаи беамону софдилона барем.
Шиори ҳамешагии мо, ин пояндагии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бо арзи эҳтиром, аъзои Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, 07 сентябри соли 2015








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






