Муроҷиатномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2015 10:12

 

МУРОҶИАТНОМАИ
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ — 1 сентябр”

Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»)/ -Рӯзи 1-уми сентябрро аҳли меҳнати башар ва хоса иттифоқҳои касабаи он ҳамчун «Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» ҷашн мегиранд. Қобили зикр аст, ки ҷашниҳамешагии иттифоқҳои касаба барои сулҳ дар оғози ҳазорсолаи нав хеле тағйир ёфта марому  мазмуни навро ба худ касб намудааст. Тараққиёти меҳнатӣ, пешрафти истеҳсолот, олами нави системаи компютерӣ ва ғайра ба рӯи инсони муосир роҳҳои васеъро кушодааст, ки ин бечунучаро иқтисодиёти бисёре аз мамлакатҳоро боло бурдааст. 
Ҳамраъйии башардӯстонаи аҳли меҳнат, ҳаракату якдилии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баромадҳои якҷоя баҳри муҳофизати ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки баҳри сулҳу амният мусоидат менамоянд ва иттифоқҳои касаба аз онҳо дар канор нестанд. 
Аз инҷост, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи маркази иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ дар ҳамагуна ҳаракатҳо ва амалиётҳо баҳри ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии аҳли меҳнат равона шуда фаъолона ширкат меварзад ва онҳоро дастгирӣ менамояд. Мо бо сарбаландӣ гуфтанӣ ҳастем, ки иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамарӯза ҳамроҳу ҳамқадам ва ҳамнафаси аҳли меҳнати кишварамон мебошад ва дар пешрафти ҷомеаи навин мавқеи муайяни худро доранд. Мақсаду маромаш ба мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, якпорчагии кишвар, ҳамкорӣ бо мақомотҳои давлатӣ, масъалаҳои иҷтимоии аҳли меҳнат равона карда шудааст. 
Мо хуб медонем, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба ва обрӯю эътибори онҳо дар байни аҳли меҳнат дар зиндагии бомаром, фазои сулҳу дӯстӣ, ҷои кори ҳамешагӣ, музди меҳнати арзанда, якдилию якпорчагӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат муайян мегардад. 
Аз ин лиҳоз, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар асоси ғояҳои тараққипарвар, ки мақсаду маромаш ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатии шаҳрвандон, сатҳи баланди зиндагӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон, интизоми хуби меҳнат, пешрафти истеҳсолот, таъмини коллективҳои меҳнатӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ мебошад, фаъолият дорад. 
Ҳамасола мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 1-уми сентябр ҳамчун  «Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ» расман  ҷашн  гирифта мешавад.
Умедаст, ки сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамкории созмонҳо, ҷамъиятҳо ваҳизбҳои гуногун ва пеш аз ҳама меҳнати бунёдкоронаи хурду бузурги ҷомеа мамлакати моро дар муддати начандон зиёд ба қуллаҳои баланди умеду орзуҳоямон хоҳад расонд ва Тоҷикистони азиз ба кишвари мутараққии ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.
Аз ин лиҳоз, иттифоқҳои касаба даъват ба амал меоранд, ки Дастуру тавсияҳои Сарвари Давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми анъана, расму оин ва ҳуввияти миллӣ, ҳимояи арзишҳои ваҳдати миллӣ, ғояҳои конститутсионии давлат ва пешгирӣ кардани ҳар гуна таблиғот ва қабули фарҳанги номатлуби бегона таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ – мароми мост»  ба роҳбарӣ ва иҷроиш гирифта  шавад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва  ташкилотҳои ҳамузви он масъалаҳои дар зеҳни  мардум ҷой додани ғоя, андеша ва фарҳанги миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа, мубориза ба муқобили хурофот, тундгароӣ  ва ифротгароиро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу омўзиш қарор дода,   ҳадафҳои  асосии корҳои ташвиқотиро дар фаъолияти худ ба ин самтҳо  сафарбар менамоянд.
 Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилотҳои  иттифоқҳои касабаи ибтидоӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро ҳамчун шарики асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват  менамояд, ки якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрўза, чун тарбияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм равона намуда, ҷиҳати барпо намудани ахлоқи ҳамида ва фазои солим дар коллективҳои меҳнатӣ мусоидат намоянд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи
мустақили Тоҷикистон

ш. Душанбе,  28.08.2015.с

 

Сентябрь 1, 2015 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад