Намояндагони доираҳои тиҷоратии Бошқирдистон ба Душанбе меоянд
Душанбе, 25.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Бошқирдистон таҳти сарварии Павел Бармин-ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати ин кишвар 4 октябр ба Душанбе меояд. Ба ҳайати Бошқирдистон роҳбарону намояндагони ширкатҳои «Южно-Уральский Весовой Завод», «Русь», «Азия-Инвест», «Сервис Монтаж Интеграция» ва «Шифер» шомиланд. Бино ба иттилои Мукаммал Раҷабӣ -сухангӯи Палатаи савдо ва саноати кишвар ҳайати доираҳои тиҷоратии Бошқирдистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, соҳибкорону тоҷирони тоҷик, инчунин бо роҳбарияти намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон мулоқот менамояд. Ҳайати доираҳои тиҷоратии Бошқирдистон ҳамзамон зимни сафарашон ба Тоҷикистон аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати ТАЛКО, Агентии назорати маводии нашъаовари назди Президенти кишвар, ширкату корхонаҳои «Тоҷкабел», «ТАДЭС», «Tradewary» ва «Институт Гидропрпоект» боздид менамоянд.
Инчунин намояндагони тиҷоратии Бошқирдистон ба вилоятии Хатлон сафар карда, бо роҳбарияти вилояти Хатлон ва соҳибкорону тоҷирони ин вилоят мулоқот намуда, аз минтақаҳои озоди «Данғара» ва «Панҷ», инчунин аз марказҳои фарҳангии Тоҷикистон, назири Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази исмоилиҳо, боғи «Ирам» ва дараи Варзоб боздид хоҳанд кард.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






