Намояндагони доираҳои тиҷоратии Тайван ба Душанбе меоянд
Душанбе, 14.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Бо мақсади таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Тайван аз 14 то 16 октябри соли равон дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Тайван баргузор мегардад. Ин чорабинии иқтисодӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва намояндагии Маркази савдои Тайван дар Алмаато гузаронида мешавад. Дар иртибот ба ин намояндаи доираҳои тиҷоратии Тайван таҳти роҳбарии Сун Тсин Чуан -роҳбари намояндагии Маркази савдои Тайван дар Қазоқистон моҳи октябр ба Душанбе ташриф меорад.
Назар ба иттилои Мукаммал Раҷабӣ -сухангӯи Палатаи савдо ва саноати кишвар ба ҳайати доираҳои тиҷоратии Тайван роҳбарону намояндагони ширкатҳои Тайван, назири- «Tongtai Machine & Tool Co., Ltd», «PSS GLOBAL TRADING CO.,LTD», «FU CHUN SHIN MACHINERY MANUFACTORY CO., LTD», «HPB TECHNOLOGY CO. LTD», «Ching Yuang Enterprise Co.,Ltd», «VOLTRONIC POWER TECHNOLOGY CORPORATION», «EASYWELL WATER SYSTEMS, INC» шомиланд. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Тайван, ҷалби сармояи Тайван ба иқтисоди Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи Тайван баррасӣ шаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






