Намояндагони доираҳои тиҷоратии Тайван ба Душанбе меоянд

Сентябрь 14, 2015 06:15

   Душанбе, 14.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Бо мақсади таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Тайван аз 14 то 16 октябри соли равон дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Тайван баргузор мегардад. Ин чорабинии иқтисодӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва намояндагии Маркази савдои Тайван дар Алмаато  гузаронида мешавад. Дар иртибот ба ин намояндаи доираҳои тиҷоратии Тайван таҳти роҳбарии Сун Тсин Чуан -роҳбари намояндагии Маркази савдои Тайван дар Қазоқистон моҳи октябр ба Душанбе  ташриф меорад. 
           Назар ба иттилои Мукаммал Раҷабӣ -сухангӯи Палатаи савдо ва саноати кишвар ба ҳайати доираҳои тиҷоратии Тайван роҳбарону намояндагони ширкатҳои Тайван, назири- «Tongtai Machine & Tool Co., Ltd», «PSS GLOBAL TRADING CO.,LTD», «FU CHUN SHIN MACHINERY MANUFACTORY CO., LTD», «HPB TECHNOLOGY CO. LTD», «Ching Yuang Enterprise Co.,Ltd», «VOLTRONIC POWER TECHNOLOGY CORPORATION», «EASYWELL WATER SYSTEMS, INC» шомиланд. Интизор меравад, ки дар ҳамоиш масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Тайван, ҷалби сармояи Тайван ба иқтисоди Тоҷикистон,  ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи Тайван баррасӣ шаванд.  

 

Сентябрь 14, 2015 06:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад