Нашъаҷалобон дастгир шуданд
Душанбе, 21.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи шабонарӯзҳои гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳангоми роҳандозии се амалиёти фаврӣ шаш шаҳрвандеро, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буданд, дастгир карданд.
Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ хабар медиҳад, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ду нашъаманд дастгир шуда, аз онҳо як миқдор героин мусодира гардид.
Кормандони раёсати Агенти назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон аз манзили сокини 47 — солаи шаҳри Қӯрғонтеппа як миқдор тарёкро пайдо ва мусодира намуданд.
Кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири вилояти Суғд се сокини шаҳри Хуҷандро дастгир намуда, аз онҳо се бастаи селофании дорои тарёкро пайдо намуданд.
Дар натиҷаи тафтишот маълум шуд, ки яке аз дастгиршудагон қаблан барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳукм шуда будааст.
Тафтишот аз аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда идома дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






