Олимони ҷавон ба ҳам омаданд

Сентябрь 7, 2015 06:58

Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Нақши созандаи ҷавонон дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳкими  Истиқлолияти комил» бо иштироки 80 нафар олимону муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ  баргузор гардид.
Дар конфронс Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ширкат варзида, роҷеъ ба дастовардҳои олимони ҷавон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд. 

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо теъдоди зиёди ҷавонон дар пайи навиштани рисолаҳои илмӣ, таҳқиқотҳои илмӣ, ба майдони илму маърифат овардани китобҳои беназир барои насли имрӯзу фардои сарзамини маҳбубамон нақши бағоят арзанда доранд. 
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бештари ҷавононе, ки ба вазифаҳои пурмасъул таъин мегарданд, номзади илм, дотсент, доктор ва профессор мебошанд. Ин далолат аз он мекунад, ки ҷавонон ба хотири пешрафти илму маърифати кишвар кӯшишҳои беназир карда истодаанд, то ки ҷомеаи мо соҳиби илму маърифати ҷаҳонӣ гардад.

Масъулин изҳор намуданд, ки  баргузории чунин конфронсҳо ба тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат намуда, дар ин радиф сафи олимони ҷавон афзоиш меёбад. 
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои тақвият бахшидани нерӯи зеҳнӣ ва ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ конференсияҳои илмӣ-амалӣ, доир карда мешаванд. 

 

Сентябрь 7, 2015 06:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд