Ҳосили ангур ва полезиҳо фаровон гардидааст
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи маълумоти фаврии раёсати Растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 39157 тонна мева ва 22830 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2464 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳо анҷом ёфтааст, ки майдони 16007 гектари он ҷамъоварӣ карда шудаст. Ҷамъоварии ҳосили полезиҳо нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 2473 гектар зиёд мебошад.
То имрўз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 324997 тонна полезиҳо истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57542 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 203 сентнериро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,4 сентнерӣ зиёд мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






