Ҳосили ангур ва полезиҳо фаровон гардидааст

Сентябрь 8, 2015 10:54

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи маълумоти фаврии раёсати Растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 39157 тонна мева ва 22830 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. 
Истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2464 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳо анҷом ёфтааст, ки  майдони 16007 гектари он ҷамъоварӣ карда шудаст. Ҷамъоварии ҳосили полезиҳо нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 2473 гектар зиёд мебошад. 
То имрўз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 324997 тонна полезиҳо истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57542 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 203 сентнериро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,4 сентнерӣ зиёд мебошад. 

 

Сентябрь 8, 2015 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад