Парвандаи ҷиноӣ нисбати 7 сарбози рус ба суд фиристода шуд
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз прокуратураи шаҳри Кӯлоб парвандаи авбошии ҳафт нафар сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро ба анҷом расонида, барои муҳокима ба намояндагии суди ҳарбии Русия дар назди пойгоҳи 201-ум супорид.
Ин сарбозону афсарони рус барои авбошӣ дар шаби 28-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳр Кӯлоб гумонбар дониста мешаванд. Онҳо ҳоло бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) айбдор дониста мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 28-уми июл гурӯҳе аз сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб дар ҳолати мастӣ ба хиёбонҳои ин шаҳр баромада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда буданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






