Пешсафӣ дар ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор

Сентябрь 16, 2015 04:52

Душанбе, 16.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-Шашумин «Барномаи пешсафии ҷавонони Осиёи марказӣ, пешсафӣ дар ҳифзи муҳити зист барои рушди устувор» аз 14 то 22 сентябр дар шаҳри Алмаато ҷараён мегирад.  
    Дар барномаи мазкур мутахассисон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок  доранд. Маҳмадалӣ Қурбонов — номзади илмҳои иқтисод, директори Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҳайати Тоҷикистонро дар барнома муаррифӣ дорад. Қарор аст роҳбари гурӯҳ М. Қурбонов дар ин барнома дар мавзӯи “Равиши нав ба иқтисоди сабз дар доираи рушди устувор” сухан гӯяд. 
Инчунин дар барнома 5 мутахассиси дигар аз Тоҷикистон  иштирок мекунад.  
Чорабиниро маркази экологии минтақавии Осиёи марказӣ дар ҳамкорӣ бо UNEP бо кумаки Ҳукумати Норвегия ва маркази САҲА дар Остона ташкил намудаанд.  
Дар барномаи мазкур инчунин таваҷҷуҳи зиёд ба мавзӯъҳои расидан ба мақсади рушди устувор дар Осиёи марказӣ, гузариши кишварҳо ба иқтисоди “сабз”, истифодаи сарфакоронаи захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, баробарии гендерӣ, истифодаи босамари барқ ва рушди устувори энергетикӣ дода мешавад. 

Сентябрь 16, 2015 04:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст