Пиёдагарди шахсияташ номаълум дар беморхона фавтид

Сентябрь 5, 2015 05:22

Душанбе, 05.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат иттилоъ доданд, рӯзи гузашта автомашинаи тамғаи «Портер» ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ, дар ҳудуди деҳаи Тағояки минтақаи Истаравшан пиёдагарди шахсияташ номаълум, марди тахминан 50-55 соларо пахш намудааст.
Хабар дода мешавад, ки пиёдагард бар асари ҷароҳати бардошта дар беморхона фавтидааст.
 

Сентябрь 5, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш