Рӯзҳои ид ва манъи фурӯши туфангҳои пластикӣ ба кӯдакон
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 35 соли ҷанг дар Афғонистон васоили бозии кӯдакони ин кишварро тағйир додааст. Туфангҳои пластикӣ ба унвони васоили тафреҳии кӯдакон мубаддал шудааст. Ин туфангҳои пластикӣ, ки анвои мухталиф дорад, дар рӯзҳои ид ба унвони воситаи пурдаромад барои дӯкондорҳо мубаддал мешавад.
Тавре ки дар шабакаи «Уфуқ.нюс» омадааст, Вазорати дохилаи Афғонистон зимни эъломи омодагӣ барои таъмини амнияти рӯзҳои ид ба дӯкондорон эълом доштааст, ки аз фурӯши туфангҳои пластикӣ худдорӣ намоянд ва ба неруи пулис дастур додааст, ки монеи фурӯши он шаванд ва низ аз хонаводаҳо хостааст, ки барои кӯдаконашон туфангҳои пластикӣ ва асбоббозиҳои хатарнокро нахаранд.
Вазорати дохила ҳамчунон гуфтааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати тиҷорат аз вуруди туфангҳои пластикӣ ба кишвар ҷилавгирӣ намоянд.
Ин тасмими Вазорати дохилаи Афғонистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дар рӯзҳои ид бар асари бозии кӯдакон бо ин туфангҳои пластикӣ, кӯдакони зиёде осеб дидаанд ва ҳатто боиси кӯр шудани чашмҳояшон гардидааст.
Вазорати дохилаи Афғонистон ба мардуми кишвар итминон додааст, ки барои таъмини амнияти рӯзҳои ид дар тафреҳгоҳҳо ва марказҳои таҷаммӯъ омодагӣ гирифтааст. Аз тамоми қишри ҷомеа хостааст, ки дар сурати дидани афроди шубҳанок ба неруҳои амниятӣ хабар диҳанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






