Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2015 05:33

Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»). —  Имрӯз бахшида  ба рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон чорабинӣ  доир  шуд. Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доктори илми педагогӣ Қосимзода И.Т. ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷўёнро  ба ифтихори Рўзи дониш табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозад, ки имрӯз сатҳи пешрафту рушди ҳаёти маънавии инсониятро на шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ,балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумӯи илму маориф ва техникаву технологияи муосир муайян менамояд. 
Биноан вазифаи муқаддаси ҳар яки мо омӯзгорон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар ба камол расонидани насли ҳаматарафаи солим, соҳибмаълумот,  мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, бунёдкор, нерўманд ва миллатдўсту меҳанпарастро тақозо мекунад.  Дар Рўзи дониш Маъмурзода Адҳам- муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш таъкид намуданд, ки Президенти кишвар ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш  дар назди мо аҳли маориф вазифа мегузорад, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ,  раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва кӯдакону наврасони кишварамонро ҳамчун  инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳиҳмаърифату  бофарҳанг  ба камол расонем, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаеро таъмин намоем.

 

Сентябрь 1, 2015 05:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст