Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бахшида ба рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон чорабинӣ доир шуд. Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода доктори илми педагогӣ Қосимзода И.Т. ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷўёнро ба ифтихори Рўзи дониш табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозад, ки имрӯз сатҳи пешрафту рушди ҳаёти маънавии инсониятро на шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ,балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумӯи илму маориф ва техникаву технологияи муосир муайян менамояд.
Биноан вазифаи муқаддаси ҳар яки мо омӯзгорон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар ба камол расонидани насли ҳаматарафаи солим, соҳибмаълумот, мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, бунёдкор, нерўманд ва миллатдўсту меҳанпарастро тақозо мекунад. Дар Рўзи дониш Маъмурзода Адҳам- муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш таъкид намуданд, ки Президенти кишвар ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо аҳли маориф вазифа мегузорад, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ, раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва кӯдакону наврасони кишварамонро ҳамчун инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳиҳмаърифату бофарҳанг ба камол расонем, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаеро таъмин намоем.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






