Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот

Сентябрь 3, 2015 02:57

Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- дар асоси маълумоти фаврии Раёсати Растанипарварӣ имсол дар  хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21219 гектар картошка кошта  шуд. Ҳосили 8495 гектари он ҷамъоварӣ  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1599 гектар зиёд мебошад. 

Ҳамзамон, то имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 182567 тонна картошка истеҳсол  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37166 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214,9 сентнериро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 4,1 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. 

Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар кишти сабзавот низ гузаронида шуд, ки то имрўз  20720 гектари он ҷамъоварӣ  шудааст ва ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2341 афзунтар аст. 

Дар ҷумҳурӣ имсол ба миқдори 502778 тонна сабзавот истеҳсол  шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 88997 тонна беш буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 242,7 сентнериро такшил дод ва нисбат ба соли гузашта ин нишондод  17,5 сентнерӣ зиёд мебошад.

 

Сентябрь 3, 2015 02:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид